Баъд аз як рӯзи ишғоли шаҳри Лисичанск ва тамоми вилояти Луганск дар Украина, нерӯҳои Русия ҳамла ба Словянск – шаҳри муҳим дар вилояти Донетскро идома доданд.
Вадия Лях, шаҳрдори Словянск, дар Фейсбук навишт, ки шаҳр зери мушакборон қарор гирифтааст ва дар натиҷа камаш 6 нафар кушта ва 15 тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Дар байни кушташудагон як кӯдак низ будааст.
Русия ишғоли шаҳри Словянскро, ки қабл аз ҷанг 107 ҳазор нафар аҳолӣ дошт, бисёр муҳим мешуморад, чун онро ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия соли 2014 ишғол карданд, вале се моҳ пас украиниҳо онро дигарбора гирифтанд.
Русия баъди нокомӣ дар ишғоли Киев ба тассаруфи минтақаи саноатии Донетск дар шарқи Украина тамаркуз кардааст.