Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, Маскав ба Беларус "Искандар-М" медиҳад


Сохтори мушакии Русия - "Искандар-М". Акс аз соли 2016
Сохтори мушакии Русия - "Искандар-М". Акс аз соли 2016

Раисиҷумҳури Русия рӯзи шанбе дар мулоқот бо раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко дар Санкт-Петербург гуфт, Маскав тасмим гирифтааст, ба ин ҳампаймонаш маҷмаи мушакии "Искандар-М" бидиҳад.

Ба қавли Владимир Путин, маҷмаи мушакӣ моҳҳои наздик ба Минск супурда хоҳад шуд.

Путин ва Лукашенко ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни кишварҳояшон вохӯрданд.

Мулоқоти онҳо дар пасманзари изҳороти мансабдорони Украина сурат гирифт. Киев мегӯяд, аз ҳарими ҳавоии Беларус мавриди ҳамлаи мушакии густурда қарор гирифтааст.

Хадамоти истихборотии Украина рӯзи шанбе гуфт, "зарбаи имрӯза ба талошҳои Кремл барои кашидани пойи Беларус ба ҷанги Украина рабт дорад".

XS
SM
MD
LG