Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мушакии Русия ба пойтахти Украина


Киев, 26-уми июни 2022
Киев, 26-уми июни 2022

Бар асари ҳамлаҳои мушакии Русия ба маҳалли аҳолинишин дар пойтахти Украина ба камияш ду бино вайрон шуда, баъзе аз сокинон дар зери харобаҳо мондаанд. Дар як бинои нӯҳошёна сӯхтор сар зад. Ҳодиса субҳи 26-уми июн рӯй дод.

Виталий Кличко, шаҳрдори Киев, ба маҳалли ҳодиса рафт. Он дар яке аз минтақаҳои таърихии пойтахти Украина ҷойгир аст.

Кличко гуфт, баъзе аз сокинон дар бемористон ҳастанд, иддае дигар дар зери харобаҳо мондаанд. Вай амалкарди Русияро кӯшиши "тарсондан"-и украиниҳо дар остонаи нишасти сарони НАТО донист. Онҳо 28-30-юми июн ҷаласа доранд. Яке аз мавзуъҳои мавриди баҳс идомаи ёрӣ ба Украина хоҳад буд.

Як рӯз пеш, нерӯҳои Украина гуфтанд, аз шаҳри Северодонетск берун рафтаанд ва онро "тактикае" номиданд, ки ҷараёни муборизаро дар шарқи Украина тағйир медиҳад.

Президент Владимир Зеленский дар паёме ваъда дод, Украина дар ниҳоят шаҳрҳоеро, ки аз оғози ҳамлаи Русия дар рӯзи 24-уми феврали имсол аз даст додааст, бозпас хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол, нигарониҳо аз густариши ҷанг дар Украина бештар шудааст. Мақомоти Украина аз сар додани мушакҳое аз қаламрави Беларус хабар доданд. Маскав ҳам гуфтааст, Беларусро бо системаи пешрафтаи мушакӣ таъмин хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG