Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз таркиши балони газ дар қаҳвахонаи "Лола" як нафар захмӣ шуд


Бар асари таркиши зарфи гази моеъ дар қаҳвахонаи "Лола" воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе (паҳлӯи кинотеатри "Ватан) як нафар ҷароҳат бардоштааст. Бархе манбаъҳо шумораи захмиёнро 4 нафар гуфтанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса соати 09:20 дақиқаи рӯзи 20 июни соли 2022 рух дод. Манбаъ сабаби ин ҳодисаро "риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ" номид.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, бар асари ин ҳодиса 1 нафар ҷароҳат бардоштааст. Аммо дар ҷои ҳодиса шоҳидон ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чор кас дар ин ҳодиса захмӣ шудаанд.

Ҳанӯз ҳаҷми зиёни ин сӯхтор эълон нашудааст. Санҷиши сабабҳои сар задани сӯхтор дар ин қаҳвахона аз сӯи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва додситонии шаҳри Душанбе оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG