Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари зоирони тоҷик ба Макка оғоз ёфт, вале бо харҷи бештар


Субҳи имрӯз, 20-уми июн аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ сафар карданд. Фурудгоҳи байнулмилаллӣ Душанбе бо нашри аксҳои зоирин хабар дод, ки соати 06-и субҳ парвози онҳо ба самти шаҳри Ҷидда сурат гирифт.

Дар маросими гусели гурӯҳи 155-нафарии зоирон, Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон аз онҳо даъват намудааст, то дар кишвари мизбони ҳаҷ бо риояи ҳатмии тадбирҳои беҳдоштӣ ва чораҳои пешгирикунандаи ин беморӣ, солимии худро ҳифз намоянд.

Арабистони Саудӣ имсол барои зоирини тоҷик 3562 квота ҷудо кардааст. То замони пандемияи коронавирус солона аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар барои адои Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мерафт. Ду сол пеш ба далели пандемияи коронавирус сафари зоирин манъ шуда буд.

Ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон, арзиши имсолаи сафари ҳаҷ тақрибан 61 ҳазор сомонӣ, муодили 5350 доллар, ҳисоб шудааст. Дар соли 2019 беш аз 35 ҳазор сомонӣ (ба ҳисоби онвақта 3750 доллар) буд.

Мақомот дар Тоҷикистон сабаби гаронии нархи ҳаҷро ба маҷмӯи хидматрасониҳое рабт доданд, ки "кишвари мизбон дар мавзеи Мино, Арафот ва Муздалифа пешниҳод мекунад".

Ба гуфтаи масъулини Кумитаи дин, дар мавсими имсолаи ҳаҷ бартарӣ ба онҳое дода мешавад, ки соли 2020 барои зиёрати Каъба номнавис шуда буданд, аммо ба сабаби пандемияи коронавирус сафарашон бекор шуда буд.

Сокинони Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба сабаби пандемияи коронавирус ду соли охир аз адои ҳаҷҷи фарзӣ маҳрум буданд ё танҳо гуруҳи маҳдуд онро ба ҷо оварданд.

Чанд сол боз дар Тоҷикистон тарғиб мекунанд, ки сокинон маблағи сафари ҳаҷ, яке аз рукнҳои муҳими дини исломро ба сохтмони пулу мактаб ва роҳу иншооти дигари иҷтимоӣ сарф кунанд. Мухолифон ҳукуматро танқид мекунанд, ки бо истифода аз нерӯву пули мардум мушкилоти иҷтимоиро ҳал карданист.

Ҳар сол ҳудуди 2,5 миллион мусалмон, аз беш аз 180 кишвари ҷаҳон, барои адои Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд. Аммо имсол Саудӣ гуфт, имсол як миллион мусалмон аз саросари ҷаҳон ҳақ доранд, ба Макка сафар карда, дар маросими Ҳаҷ иштирок кунанд.

XS
SM
MD
LG