Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шохаи “Хуросон”-и ДОИШ масъулияти ҳамла ба сикҳоро дар Кобул ба дӯш гирифт


Баъди ҳамла ба ибодатгоҳи сикҳо дар шаҳри Кобул. 18-уми июн
Баъди ҳамла ба ибодатгоҳи сикҳо дар шаҳри Кобул. 18-уми июн
Шохаи “Хуросон”-и гурӯҳи “Давлати Исломӣ” дар Афғонистон масъулити ҳамла ба як ибодатгоҳи сикҳои шаҳри Кобулро дар рӯзи 18-уми июн ба дӯши худ гирифт. Дар ин ҳамла дастикам ду нафар куштаву чандин нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин охирҳо ин гурӯҳ ҳамлаҳояш ба масҷиду аққалиятҳоро дар саросари Афғонистон афзоиш додааст. Дар изҳороте, ки ин созмон тавассути Телеграм-канали худ нашр кард, гуфт, ки ин ҳамла посух ба таҳқири Муҳаммад-пайғамбар буд. Зоҳиран, ин ишора ба изҳороти сухангӯи ҳукумати Ҳинд аст, ки ахиран баҳсу маҳкумиятҳои зиёди ҷомеаи мусалмонро барпо кард. Нозирони байналмилалӣ мегӯянд, ки дар Афғонистон сикҳу сӯфӣ ва ҳазораҳо ба гурӯҳи мавриди хатар дохил мешаванд. Гузоришгари вижаи СММ дар умури Афғонистон Ричард Беннетт ҳамла ба сикҳову як ҳамлаи аз ин пеш ба ибодатгоҳи сӯфиҳоро маҳкум карда тақозо кард, ки ҳама ҳодисаҳо бояд хотима ёбанд.
XS
SM
MD
LG