Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский ба Миколаев, шаҳри ҷанубии Украина рафтааст


Владимир Зеленский ҳангоми боздид аз Миколаев, 18-уми июни 2022
Владимир Зеленский ҳангоми боздид аз Миколаев, 18-уми июни 2022

Дафтари матбуотии раисиҷумҳури Украина рӯзи 18-уми июн гуфт, Владимир Зеленский ба шаҳри ҷанубии Миколаев рафт. Ин шаҳр дар ҷараёни задухӯрдҳо сахт осеб дидааст.

"Президент бинои ҳукумати Миколаевро дид, ки бар асари зарбаи мушакии нерӯҳои Русия вайрон шудааст," – гуфтаанд дар баёнияи расмӣ.

Ин сафари камсобиқаи Зеленский ба беруни Киев аст.

Миколаев дар ҷануби Украина ва дар роҳ ба бандари муҳими Одесса дар Баҳри Сиёҳ ҷойгир аст.

Боздиди Зеленский як рӯз пас аз он сурат мегирад, ки дар натиҷаи ҳамлаи Русия дар Миколаев ду нафар кушта ва 20 нафари дигар захмӣ шуданд.

Миколаев аз оғози ҳамлаи бесабаби Русия дар 24-уми феврали имсол пайваста мавриди ҳадафи нерӯҳои Русия будааст.

Владимир Зеленский дар ҷое, ки ба таҳхона монанд аст, бо мақомоти маҳаллӣ гуфтугӯ карда, ба онҳо барои шуҷоат ҷоиза додааст.

XS
SM
MD
LG