Президенти Русия рӯзи 17-уми июн иддао кард, ки таҳримҳои ба гуфтааш "раъдосо"-и Ғарб алайҳи Маскав "ноком" шудаанд.
Кишварҳои ғарбӣ пас аз таҷовузи Русия ба хоки Украина дар моҳи феврали имсол ба зидди он кишвар таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд.
Владимир Путин рӯзи 17-уми июн дар нишасти иқтисодии Санкт-Петербург ҳамлаи кишварашро ба Украина дуруст шумурд. Ин дар ҳолест, ки бисёриҳо дар Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо онро ба ҷангҳои мустамликадории асрҳои гузашта монанад мекунанд.
Владимир Путин рӯзи ҷумъа гуфт, ҳадафи асосии ҳамла ба Украина "муҳофизати худиҳо" дар минтақаи асосан русзабони Донбасс буд. Киев ва Ғарб инро баҳонаи беасосе барои амалӣ кардани ҷоҳталабиҳои империалистонаи ӯ медонанд.
Чанд рӯз пеш аз нишасти иқтисодии Санкт-Петербург, Путин худро ба шоҳи асри 17, Пётри Бузург, монанд кард, ки пас аз шикасти Шветсия дар соли 1709 империяи Русияро васеъ кард.
Раисиҷумҳури Русия дар нишасти Санкт-Петербург аз нақши Иёлоти Муттаҳида дар умури ҷаҳонӣ танқид кард ва гуфт, Вашингтон худро "фиристодаи Худо дар рӯи замин" мепиндорад. Путин айни замон афзуд, Русия дар он чизе, ки ба гуфтаи ӯ, як тартиботи нави ҷаҳонӣ пайдо мешавад, нақши бузургтаре хоҳад дошт.