Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Озарбойҷон ба Узбекистон меравад


Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон.
Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари расмӣ рӯзҳои 21-22-юми июн ба Узбекистон меравад.

Вазорати сайёҳию мероси фарҳангии Узбекистон ва Оҷонси давлатии сайёҳии Озарбойҷон дар остонаи сафари Алиев барои хабарнигорони узбек сафареро ба шаҳри Боку бо мақсади ошноӣ бо фарҳанг, мавзеъҳои таърихӣ, расму анъанаҳои мардуми он кишвар ташкил кардаанд.

Рӯзноманигорони узбек дар ҷараёни сафар бо муовини раиси оҷонс Фаиқ Гулиев сӯҳбат карданд ва ӯ гуфтааст, “рӯзҳои 21-22 июн президенти Озарбойҷон сафари расмиеро ба Узбекистон анҷом медиҳад”.

Президенти Озарбойҷон нимаи моҳи майи имсол ҳайати палатаи қонунгузории Узбекистонро ба раҳбарии раиси он Нуридинҷон Исмоилов ба ҳузур пазируфт буд ва дар ин вохӯрӣ Алиевро аз номи ҳамтои узбекаш ба шаҳри Тошканд даъват карданд.

XS
SM
MD
LG