Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафоев: давраи президентии Мирзиёев "сифр" мешавад


Содиқ Сафоев, муовини раиси Сенати Узбекистон.
Содиқ Сафоев, муовини раиси Сенати Узбекистон.

Муовини раиси Сенати Узбекистон Содиқ Сафоев Дар суҳбат бо “Kun.uz” тасдиқ кард, ки тағйирот ба Конститутсияи он кишвар давраҳои қаблии президентии раисҷумҳури кунунӣ Шавкат Мирзиёевро ба “сифр” баробар мекунад.

“Агар Конститутсияи нав қабул шавад, он ба ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла президенти кунунии Узбекистон Шавкат Мирзиёев иҷозат медиҳад, то бар асоси он дар интихобот иштирок кунад. Президент аз ин имконият ва ҳақ истифода мебарад, ё не, аз шахсияти ӯ ва ҳизбе вобастааст, ки номзадиашро пешбарӣ мекунад. Ин ҳаққи ӯст”, - изҳор доштааст Сафоев.

Ин нахустин изҳороти як мақоми баландпояи давлатии Узбекистон дар бораи тағйири Конститутсияи он кишвар мебошад.

Шавкат Мирзиёв пас аз фавти Ислом Каримов дар соли 2016 ба қудрат расид. Ӯ дарҳои Узбекистонро, ки сераҳолитарин кишвари Осиёи Миёна ба шумор меравад, ба рӯи сармоягузорон боз кард, робитаҳои кишварро бо ҳамсоягонаш беҳбуд бахшид, маҳдудиятҳои ҳукумати Ислом Каримов дар робита ба озодиҳои диниро коҳиш дод ва даҳҳо зиндонии сиёсиро озод сохт.

Аммо айни замон ба монанди Ислом Каримов аз қудрати зиёди сиёсӣ бархурдор аст ва наздиконаш низ ба суистифода аз ҷойгоҳи сиёсии вай барои сарватҷамъкунӣ муттаҳам ҳастанд. Мирзиёев ҳамчунин ба хотири саркӯби мунтақидони худ ва фаъолони сиёсӣ дар остонаи интихоботи президентӣ мавриди танқид қарор гирифт.

Интихоботи президентии Узбекистон рӯзи 24-уми октябри соли гузашта баргузор шуд. Комиссияи марказии интихоботи Узбекистон Мирзиёеви 64-соларо баранда эълон кард.

XS
SM
MD
LG