Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

USAID: Дар давраи пандемия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми $ 14 млн. кӯмак кардем


Ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон дар таъмини воксинаҳои зидди COVID-19 ёриҳо кардааст. Аз ҷумла, воксинаи навъи Pfizer ҳам бо кӯмаки ИМА ба Тоҷикистон ирсол гардид. Акс аз соли 2021
Ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон дар таъмини воксинаҳои зидди COVID-19 ёриҳо кардааст. Аз ҷумла, воксинаи навъи Pfizer ҳам бо кӯмаки ИМА ба Тоҷикистон ирсол гардид. Акс аз соли 2021

ИМА мегӯяд, мизони кӯмакҳои ин кишвар ба Тоҷикистон дар давраи пандемияи ду соли гузашта ба 14 миллион доллар наздик шудааст. Питер Райлӣ, мудири намояндагии USAID дар Тоҷикистон дар як изҳороташ, ки аз ҷониби дафтари матбуоти сафорати ИМА рӯзи 13-уми июн нашр шуд, гуфт, бастаи охирини кӯмакҳо дар ҳаҷми 1,5 миллион доллар барои дастгирии талошҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон равона хоҳад шуд.

Райлӣ гуфтааст, кӯмакҳои ду соли охир бар асоси як барномаи президенти ИМА Ҷо Байден тақдим шуда барои осон кардани паёмадҳои пандемияи COVID-19 ҳам дар соҳаи тандурустӣ ва ҳам иқтисоди Тоҷикистон равона шудаанд. Таъкид шудааст, ки дар доираи ин кӯмакҳо ИМА ба Тоҷикистон лавозимоти таъҷилӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо сироятҳову афзоиши тестҳои санҷишии COVID-19, таъмини кормандони тиб бо таҷҳизоти муҳофизатӣ, таъминоти оксиген, муҷаҳҳазкунии лабораторияҳо, мубориза бо иттилои бардурӯғ ва дигар бахшҳо равона шудааст.

USAID – Оҷонсии рушди ҳукумати ИМА мегӯяд, ки дар давоми шаст соли фаъолияташ барои мубориза бо бемориҳои мисли Эбола, вируси норасоии масунияти бадан СПИД, сил, вараҷа ва ҳам COVID-19 кӯмакҳо кардааст.

XS
SM
MD
LG