Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як ширкати хешони Назарбоевро давлатӣ мекунанд


Корхонаи коркарди гази "GPC Investement" ба ҳисоби давлати Қазоқистон мегузарад.

Бино ба иттилои хабаргузории КазТАГ, Кайрат Шарипбоев дар давраи раиси ширкати миллии "КазТрансГаз" будан дар таъсиси корхонаи коркарди газ дар кони Қашагон лоббигарӣ кардааст. Шарипбоевро шавҳари Дариға Назарбоева, духтари калонии раисиҷумҳури пешини Қазоқистон меноманд.

Дар лоиҳаи қарори ҳукумат, ки рӯзи 14 июн онро Вазорати энержии Қазоқистон пешниҳод кард, гуфта мешавад, пешниҳоди ширкати "TauBerekeGroup" дар бораи "хайр" шудани 100 дарсади саҳмияҳои "GPC Investement" ба давлат қабул карда шавад.

Хабаргузорӣ бо такя ба коршиносон навишта, ки баъди рафтани домоди раисиҷумҳури пешини Қазоқистон аз мақоми раисии "КазТрансГаз" сарнавишти "GPC Investement" зери суол қарор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG