Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден ва Ховари Миёна. Рафтани ӯ ба Саудӣ аз баҳри чист? ВИДЕО


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико, чанде пеш эълон кард, ки мумкин аст, ба кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла Исроил ва Арабистони Саудӣ сафар кунад. Дар ин миён таваҷҷуҳ ба сафари ӯ ба Риёз зиёд аст, чун пештар раҳбарони Арабистони Саудӣ ва бахусус шоҳзода Муҳаммад бин Салмонро сахт танқид мекард. Ҳоло сабаби сафари ӯ ба Саудӣ чӣ буда метавонад?

"Ман сари ин масъала кор мекунам, ки чӣ гуна метавонем дар кишварҳои Ховари Миёна сулҳу суботро ба даст орем. Шояд ман бо исроилиҳо ва баъзе кишварҳои арабӣ мулоқот кунам. Аз ҷумла, умед дорам, аз Арабистони Саудӣ дидан намоям, аммо ҳоло барномаи дақиқе надорам," – гуфт Ҷо Байден.

Таҳлилгарон мегӯянд, тамоми раҳбарони Амрико бо Арабистони Саудии саршор аз нафт робитаи наздик доштанд, вале Байден барои нақзи ҳуқуқи инсон валиаҳди ин кишварро ошкоро ва бераҳмона танқид мекард.

Брюс Ридел, олими Донишгоҳи Брукинг, гуфт: “Ба фикрам, одамон аз он дар тааҷҷубанд, ки Ҷо Байден ҳамчун номзад валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмонро барои даст доштан дар тарҳрезии қатли Ҷамол Хошуқҷӣ дар Туркия бераҳмона танқид мекард. Он замон Байден мегуфт, бо Арабистони Саудӣ чун як кишвари манфур рафтор хоҳад кард.”

Ниҳодҳои истихборотии Амрико валиаҳди Арабистони Саудиро дар тарҳрезии қатлу пора-пора кардани Хошуқҷӣ, рӯзноманигори маъруф, гунаҳкор медонанд. Муҳаммад бин Салмон ин иддаоро рад мекунад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ҷо Байден дар пайи тармими робитаҳо бо Арабистони Саудӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Хатми ҷанг?

Нед Прайс, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, дар бораи муносибатҳои дуҷониба гуфт, дар 16 моҳи охир пешрафти чашмрасе ба даст омадааст.

Ба қавли ӯ, "ин муносибатест, ки ҳоло пояи устувор дорад. Ин ба мо имкон медиҳад, то манфиатҳои худро пеш барем ва ҳифз кунем. Дар маркази ин муносибот арзишҳоеро қарор додаем, ки бо тамоми кишварҳои дунё дорем."

Коршинос Брюс Ридел мегӯяд, хатми ҷангу ранҷу гуруснагӣ дар Яман яке аз ҳадафҳои муҳими президент Байден аст: "Дар муносибати мо бо Арабистони Саудӣ чизе муҳимтар аз идомаи ин раванд ва хатми ҷанг нест. Дар сурати ҳифзи ин созиш ва идомаи он бо роҳи ҳалли сиёсии низоъ, президент метавонад, ҷони даҳҳо ҳазор нафарро наҷот диҳад."

Баҳси бензин?

Баъзе аз коршиносон бовар доранд, нигаронӣ аз болоравии якбораи нархи бензин дар Амрико, як ангезаи муҳими дигари Байден барои тағйир додани муносибат бо Арабистони Саудӣ аст.

Ҷонатан Катс, корманди бунёди Маршал, мегӯяд, "президент, бешубҳа, дар ин сафар дар бораи истихроҷ, афзоиши тавлидоту таъмини кишварҳои ҷаҳон бо нафт суҳбат хоҳад кард. Тавре медонед, нархи як бушка нафт ҳоло хеле боло рафтааст."

Айни замон коршиносон мегӯянд, ҳатто Арабистони Саудӣ ҳам наметавонад, мустақилона нархи нафтро поин барад. Сабаб ҳам коҳиши содироти нафт аз Русия аст, ки ба далели таҳрим кишварҳои аврупоӣ хариди онро кам кардаанд.

XS
SM
MD
LG