Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимол беш аз 15 000 миллионер имсол Русияро тарк кунанд


Оҷонси таҳлилии "Henley & Partners" дар пажӯҳиши муҳоҷирати иқтисодии ҷаҳонӣ гуфтааст, беш аз 15 ҳазор шаҳрванди Русия, ки дороиашон беш аз як миллион доллар аст, эҳтимол имсол ин кишварро тарк кунанд.

Эндрю Амоилс, таҳлилгаре, ки барои пажӯҳиш маълумот ҷамъоварӣ кардааст, мегӯяд, "Русия миллионерҳоро аз даст медиҳад."

"Шахсони сарватманд дар давоми даҳ соли ахир бештар аз Русия ба кишварҳои дигар кӯчидаанд. Пошхӯрии давлатҳои бузург ҳам ҳамеша баъди рафтани сарватмандонаш сурат мегирад, ки аксар вақт аввалиншуда кишварро тарк мекунанд, зеро онҳо ин имконият доранд," -- афзудааст ӯ.

Ба назари таҳлилгарон, Амрико ва Бритониё дар ҳоли ҳозир барои муҳоҷирати сарватмандони рус чандон макони мувофиқ нестанд. Зеро дороиҳои онҳо метавонад дар ин кишварҳо суолҳои ҳуқуқиеро ба миён оранд. Дар ҳоли ҳозир "паноҳгоҳ"-и мувофиқтарин барои чунин сарватмандон Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хоҳад буд.

Ҳамчунин эҳтимоли кӯч бастани онҳо ба Австралия, Сингапур, Исроил, Малта, Монако ва Маврикий вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG