Панҷ шаҳрванди Узбекистонро дар куштори шаҳрванди 47-солаи афғониасли Олмон Абдулваҳҳоб Қаюмӣ дар ноҳияи Ҷомбойи вилояти Самарқанд гунаҳкор дониста, ба зиндон маҳкум карданд.
Бино ба гузориши телевизиони "Sevimli", ин панҷ нафар баъди хомӯш кардани барқ ба манзили иҷораи соҳибкор Қаюмӣ бо ниқоб даромада, ӯро задаанд. Қаюмӣ дертар дар беморхона ҷон додааст.
Яке аз ҳамлагарон, ки ронандаи таксӣ буд, гуфтааст, мехостанд, аз манзили соҳибкор маводи мухаддир дузданд.
Ҳамлагари дувум, ки қаблан суд шудааст, ба хонаи шаҳрванди Олмон ҳамчун мутахассиси соҳаи барқ даъват мешавад ва онҷо пули бисёрро дида, ҳамроҳи чаҳор шарикаш ҳамларо тарҳрезӣ мекунад.
Додгоҳи Ҷомбой раҳбари гуруҳро 19 сол, се узви гуруҳро 16-18-солӣ зиндонӣ ва ронандаи таксиро, ки ҳамлагаронро бурдааст, 13 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.