Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои украиниро аз маркази Северодонетск ақиб рондаанд


Нерӯҳои Русия ин пулро дар Северодонетск таркондаанд
Нерӯҳои Русия ин пулро дар Северодонетск таркондаанд

Артиши Украина рӯзи 13-уми июн гуфт, нерӯҳояш аз маркази Северодонетск ақиб ронда шудаанд. Нерӯҳои Украина ва Русия ҳафтаҳо боз барои зери назорат гирифтани ин шаҳр задухӯрд доранд.

Ситоди кулли артиши Украина гуфт, нерӯҳои Русия маркази шаҳрро бо тӯпхонаҳо заданд ва сарбозони боқимондаи украиниро аз онҷо берун карданд.

Чанд соат пеш аз ин, президент Владимир Зеленский гуфта буд, муҳофизон барои "ҳар метр" дар Северодонетск меҷанганд.

"Ҳадафи ишғолгарон тағйир наёфтааст. Онҳо дар Северодонетск фишор меоранд. Ҷангҳои сахт идома доранд," – гуфт ӯ дар паёми видеоӣ.

Зеленский афзуд, Русия нерӯҳои камтаҷрибаашро ба майдон бароварда, дар ҷангҳои шадид ҳамчун “луқмаи тайёр” истифода мебарад.

“Ҳар як метр замин дар онҷо ба хун олуда аст, аммо на танҳо бо хуни мо, балки бо хуни ишғолгарон низ,” – гуфт президенти Украина.

Сергей Ҳайдай, волии вилояти Луҳански Украина, рӯзи 12-уми июн гуфт, нерӯҳои Русия пулеро тарконданд, ки Северодонетскро бо Лисичанск мепайваст.

XS
SM
MD
LG