Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз як шаҳрванди Бритониё дар ҷанги Украина


Северодонетск, шарқи Украина
Северодонетск, шарқи Украина

Шаҳрванди дувуми Бритониё дар ҷанги Украина кушта шудааст.

Хонаводаи Ҷордан Гатли рӯзи 12-уми июн гуфтанд, ходими собиқи артиши Бритониё дар ҷараёни даргирии миёни нерӯҳои Украина ва Русия дар шаҳри Северодонетск ҷон бохт.

Ба қавли пайвандонаш, Гатли моҳи марти имсол барои дифоъ аз Украина ба он кишвар рафта буд.

Вазорати корҳои хориҷии Бритониё дар мавриди шаҳрванди кушташудааш ҷузъиёти бештар надода, аммо гуфтааст, аз хонаводаи Ҷордан Гатли ҳимоят хоҳад кард.

Ҳафтаи гузашта Додгоҳе дар вилояти ҷудоихоҳи Луҳански Украина, ки зери ҳимояти Русия аст, ду шаҳрванди Бритониёро бо гуноҳи зархаридӣ ва мадад ба нерӯҳои украинӣ ба қатл маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG