Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский гуфт, ҷаҳонро буҳрони ғизоӣ таҳдид мекунад


Гандумзоре дар Миколаив, минтақаи ҷанубии Украина, 11-уми июни 2022
Гандумзоре дар Миколаив, минтақаи ҷанубии Украина, 11-уми июни 2022

Раисиҷумҳури Украина мегӯяд, кишвараш омода аст, дар мавриди эҷоди гузаргоҳи амн барои ҳамлу нақли гандуму ғалладона тавассути киштиҳо гуфтугӯ кунад.

Владимир Зеленский рӯзи 11-уми июн ба иштирокдорони нишасти Сингапур гуфт: "Агар ба далели муҳосираи Русия натавонем, маҳсулоти зироатии худро содирот кунем, ҷаҳон бо буҳрони ғизоӣ ва қаҳтии шадид дучор хоҳад шуд. Камбуди маҳсулоти ғизоӣ ба ҳарҷу марҷ сабаб мешавад, ки метавонад бисёре аз давлатҳову сиёсатмадоронро сарнагун кунад."

Пас аз ҳамлаи бедалели Русия ба Украина (24-уми феврали имсол) ва дар муҳосира мондани миллионҳо тонна ғалладонаи ин кишвар нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ афзоиш ёфт ва нигарониҳоро дар заминаи буҳрони ҷаҳонии ғизоӣ ба вуҷуд овард.

Украина яке аз бузургтарин тавлидкунандагони ғалла дар Аврупост.

XS
SM
MD
LG