Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хоруғ яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар байни ҷавононро дастгир кардаанд


Шаҳри Хоруғ дар як соли ахир чанд дафъа шоҳиди нооромиҳо шуд.
Шаҳри Хоруғ дар як соли ахир чанд дафъа шоҳиди нооромиҳо шуд.

Бино ба гузоришҳо мақомоти интизомӣ дар шаҳри Хоруғ маркази Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ Ниёзшоҳ Гулобов яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар миёни ҷавонони шаҳрро дастгир кардаанд. Дар ин бора чанд манбаъ дар Хоруғ ба Радиои Озодӣ хабар доданд.

Сабаби боздошти ӯ маълум нест ва мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳеч хабаре дар ин бора нашр накардаанд. Айни замон ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ дар маҳаллаи “Хлебзавод” дар Хоруғ садои тирандозӣ ба гӯш расидааст ва сабаби тирандозӣ ҳам маълум нест. Сокинон гуфтаанд, ки маъмурони амниятӣ роҳ ба ин маҳалро бастаанд.

Шаҳри Хоруғ аз соли гузашта инҷониб чанд дафъа аст, ки шоҳиди нооромӣ мешавад. Моҳи гузашта дар натиҷаи як тазоҳуроти олуда ба хушунат дар ноҳияи Рӯшони Бадахшон ва амалиёти ба гуфтаи мақомоти интизомӣ “зиддитеррористӣ даҳҳо нафар нафар куштаву захмӣ шуданд. Аз моҳи гузашта то кунун дастрасӣ ба телефон ва Интернет дар Бадахшон ба сахтӣ муяссар мешавад.

XS
SM
MD
LG