Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати ҳабси Кара-Мурзаро дароз карданд


Владимир Кара-Мурза
Владимир Кара-Мурза

Додгоҳе дар Маскав муҳлати ҳабси пешакии Владимир Кара-Мурзаро дароз кардааст. Ин фаъоли мухолифин ба паҳн кардани гуё маълумоти бардурӯғ дар бораи артиши Русия муттаҳам аст.

Додгоҳи ноҳияи Басманний рӯзи 8-уми июн гуфтааст, мунтақиди 40-солаи Кремлин дастикам то 12-уми августи имсол дар боздоштгоҳ хоҳад монд.

Кара-Мурза иттиҳомро рад карда, онро ангезаи сиёсӣ хондааст.

Ӯро рӯзи 11-уми апрели имсол дар назди хонааш дар Маскав дастгир карданд.

Владимир Кара-Мурза яке аз шарикони наздики пешвои кушташудаи мухолифин Борис Немтсов аст. Вай ду дафъа – солҳои 2015 ва 2017 – бо нишонаҳои заҳролудшавӣ бистарӣ шудааст.

Боздошти Кара-Мурза дар пасманзари саркӯби афзояндаи мақомоти Русия алайҳи чеҳраҳои мухолиф ва ҳар гуна эътироз ба ҷанг дар Украина сурат гирифт. Русия 24-уми феврали имсол бедалел ба Украина ҳамла кард.

XS
SM
MD
LG