Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус хабарнигори қарордодии Озодиро зиндонӣ кард


Андрей Кузнечик
Андрей Кузнечик

Хонаводаи Андрей Кузнечик, хабарнигори қарордодии Радиои Озодӣ, мегӯянд, Додгоҳи Беларус ӯро ба гуноҳи таъсиси гурӯҳи ифротгаро ба шаш сол зиндон маҳкум кардааст. Президенти Радиои Озодӣ ҳукмро "хандаовар" номид.

Андрей Кузнечик 43-сола ва падари як духтару як писар аст.

Ба қавли пайвандон, мурофиаи Кузнечик рӯзи 8-уми июн паси дарҳои баста гузашта, додрас дар ҳамагӣ чанд соат парвандаро баррасӣ ва ҳукмро содир кард.

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар баёнияе гуфт, "Андрей Кузнечик дар як мурофиаи баста ва ба иттиҳоми хандаовар маҳкум шуд. Мо талаб мекунем, ки ӯ фавран озод карда шавад."

Андрей Кузнечикро 26-уми ноябри соли гузашта ба иттиҳоми авбошӣ ба даҳ рӯз ҳабс маҳкум карданд. 6-уми декабр, вақте ҳукмаш ба охир расид, боз ба иттиҳоми авбошӣ даҳ рӯзи дигар рӯз дар ҳабс монд.

Пас аз адои ин муҳлат низ Кузнечикро озод накарданд. Дертар мақомот гуфтанд, ӯ ба ташкили гурӯҳи ифротӣ муттаҳам аст, аммо тафсилоти парвандаро аз хешовандон ва ҳамкоронаш пинҳон доштанд.

XS
SM
MD
LG