Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истодагарии нерӯҳои украинӣ дар Северодонетск


Луҳанск, 2-юми июни 2022
Луҳанск, 2-юми июни 2022

Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, гуфт, бо вуҷуди онки нерӯҳои кишвараш дар Северодонетск дар муқоиса ба сарбозони Русия камтаранд ва аслиҳаи камтар доранд, ҳанӯз ба мубориза идома медиҳанд.

Вай рӯзи 6-уми июн гуфт, “онҳо бештар ва тавонотаранд, вале мо низ ҳар имкони муборизаро истифода мекунем.”

Зеленский афзуд, задухӯрдҳои сахти кӯча ба кӯча ва тирборони бесарусомон Северодонетск ва шаҳри Лисичанскро ба “шаҳри мурда” табдил додаанд.

Волии вилоят, Сергей Ҳайдай, мегӯяд, задухӯрд барои Северодонетск идома дорад. Ӯ рӯзи 7-уми июн дар Telegram навишт, русҳо дар Лисичанск бозору мактабро нишон гирифтанд.

Дар сурати тасарруфи Северодонестк ва Лисичанск, ки то ҳол дар дасти Украина ҳастанд, нерӯҳои Русия тамоми вилояти Луҳанскро дар шарқи Украина хоҳанд гирифт.

Вазорати дифои Бритониё рӯзи 7-уми июн дар варақаи ҳаррӯзаи истихборотии худ гуфт, пешравии русҳо ба сӯи Попасна, 50-километрии ҷануби Северодонетск, ҳафтаи гузашта боздошта шуд.

Ҷанги Русия дар Украина тақрибан чаҳор моҳ боз идома дорад.

XS
SM
MD
LG