Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон талаби ташхиси коронавирусро дар марз бекор мекунад


Талаби ташхиси коронавирус ва шаҳодатномаи ваксина ҳангоми убури марзи Қазоқистон бекор мешавад. Дар ин бора аз Кумисюни пешгирӣ аз паҳншавии вабо дар Қазоқистон хабар доданд.

"Аз 8-уми июни соли ҷорӣ талаби ҳатмии шаҳодатномаи ваксинаи зидди коронавирус ва ё ташхиси надоштани вабои коронавирус ҳангоми вуруди марзи Қазоқистон бекор карда шавад", - омадааст дар хабари Кумисюн, ки 7-уми июн нашр шуд.

Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон фаъолияти 12 гузаргоҳи марзиро дубора ба роҳ мемонад, ки пештар баста шуда буданд.

XS
SM
MD
LG