Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ширкати зери роҳбарии домоди Назарбоев камомади триллионӣ ёфтанд


Кайрат Шарифбоев
Кайрат Шарифбоев

Дар ширкати қазоқистонии QazaqGaz, ки то 14-уми январи соли ҷорӣ онро Кайрат Шарифбоев, домоди эҳтимолии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев роҳбарӣ мекард, дар ҳаҷми бештар аз 937 миллиард танга (2,2 миллиард доллар) камомад ошкор шудааст.

"Низомҳои миёнарав ва камбудиҳои молӣ дар ҳаҷми бештар аз 937 миллиард танга ошкор шуд", - гуфт роҳбари кунунии ширкат Санҷар Жаркешов рӯзи душанбеи 6 июн.

Ба иттилои расонаҳо, дар нимаҳои моҳи март тамоми ҳайати роҳбарикунандаи ширкат иваз шудааст. Кайрат Шарифбоев, ки шавҳари ғайрирасмии Дариға Назарбоева, духтари калонии Нурсултон Назарбоев дониста мешавад, ширкати QazaqGaz-ро аз соли 2014 роҳбарӣ мекард. Домодҳои Назарбоев, аз ҷумла Шарифбоев баъди ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон аз мақом барканор шуданд.

XS
SM
MD
LG