Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилоф изҳороти сафири Туркияро дар Қирғизистон "ҳазён" номид


Эътилофи тиҷории "ЖИА" дар робита ба изҳороти сафири Туркия дар Қирғизистон Аҳмад Содиқ Доған баёния нашр кард. Дар баёния омадааст, ки дипломат эътилофи "ЖИА"-ро "яке аз шохаҳои ФЕТО дар Қирғизистон" номид.

"Пеш аз ҳама эътилофи тиҷории "ЖИА" бо масъулият изҳор медорад, ки бо созмони ФЕТО ҳеч рабте надорад... Давоми 16 соли мавҷудият "ЖИА" усули дахолат накардан ба сиёсатро риоя кардааст", - омадааст дар баёнияи "ЖИА".

"Аҳмад Содиқ Доған намояндаи расмии Туркия аст, на шаҳрванди қаторӣ. Бо шохаи созмони террористӣ эълом кардани як созмони қирғизистонӣ ва манҷур номидани шаҳрвандони Қирғизистон, сафир меъёрҳои ахлоқи дипломатӣ ва қоидаҳои рафтори инсониро вайрон кард", - илова шудааст дар баёнияи "ЖИА".

Рӯзи 31-уми май дар донишгоҳи "Манас"-и Қирғизистон дар мавзуъи "Созмони террористии Фатҳуллоҳ" ҷамъомаде баргузор шуд.

Дар ин ҷамъомад сафири Туркия эътилофи "ЖИА"-ро шохаи созмони террористии марбут ба руҳонии турк Фатҳуллоҳ Гулен номид. Фатҳуллоҳ Гулен - як руҳонии турк аст, ки дар ИМА зиндагӣ дорад.

XS
SM
MD
LG