Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумисюни интихоботии Қазоқистон: 77,1% аз тағйирот ҷонибдорӣ карданд


Овоздиҳӣ дар Қазоқистон, 5-уми июни 2022
Овоздиҳӣ дар Қазоқистон, 5-уми июни 2022

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Қазоқистон рӯзи 6-уми июн хабар дод, ки 77,18 дарсади сокинон ба ҷонибдорӣ аз тағйирот ба Конститутсия овоз додаанд.

"77,18 дарсад яъне 6 миллиону 163 ҳазору 863 иштирокчии раъйпурсиро ташкил медиҳад", - гуфт Нурлан Абдиров, раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Қазоқистон.

Зидди тағйирот ба Конститутсияи Қазоқистон 18,66 дарсади сокинон раъй додаанд.

1,58 дарсади баргаҳо беэътибор дониста шудаанд.

Дар умум, ба иттилои Кумисюни марказӣ, дар раъйпурсӣ 68,06 дарсад ва ё 7 миллиону 986 ҳазору 293 сокини соҳиби ҳаққи раъй ширкат кардааст.

Бино ба қонунгузории Қазоқистон, дар сурате ки агар 50 дарсади сокинони ҳаққи раъй овоз диҳанд, раъйпурсӣ баргузоршуда дониста мешавад.

Раъйдиҳии рӯзи 5-уми июн дар Қазоқистон дар ҳоле баргузор шуд, ки нозирони мустақил аз қонуншиканиҳо хабар доданд.

XS
SM
MD
LG