Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Тошканд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Геннадий Арзуманов, ки рӯзҳои 4-5 июн дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, 12 медал – 3 тилло, 5 нуқра, 4 биринҷӣ – ба даст оварданд, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилом манбаъ, дар ин мусобиқаи анъанавӣ варзишгарон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат карданд.

Илдар Аҳмадиев, иштироккунандаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020, дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тошканд дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардҳо (10.37 сония) медали тилло, дар ҷаҳиш ба дарозӣ (7.59 метр) медали нуқра гирифт.


Намояндаи дигари Тоҷикистон Фаворис Музрапов низ соҳиби як медали тилло ва як нуқра гардид. Ӯ дар давидан ба масофаи 200 метр (21.71) ғолиб шуд, ҳамчунин дар давидан ба масофаи 100 метр (10.66) ҷои дуюмро азони худ кард.

Леонид Пронженко низ ду медал гирифт. Ӯ дар давидан ба масофаи 400 метр бо монеаҳо (53.12) сазовори медали тилло, дар давидан ба масофаи 110 метр бо монеаҳо (14.98) сазовори медали нуқра шуд.

Дар давидан ба масофаи 400 метр бо монеаҳо Муҳаммадризо Мирзозода (55.28) медали нуқра ба даст овард.

Раҷабмоҳ Абдуллоева дар давидан ба масофаи 5000 метр (18:55.50) миёни бонувон дуюм ва дар давидан ба масофаи 10000 метр (40:24.55) сеюм шуд.

Дар масофаи 10000 метр миёни мардҳо Меҳробҷон Одинаев (31:48.73) медали бинринҷӣ ба даст овард. Ду медали биринҷии дигарро Зикрилло Турахонов дар найзапартоӣ (53.66) ва дастаи Тоҷикистон дар эстафетаи омехтаи 4х400 метр (3:40.59) сазовор шуданд.

XS
SM
MD
LG