Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабҳаи муқовимат: "Се асири моро сар буриданд". Толибон: "Воқеият надорад"


Нерӯҳои Толибон дар вилояти Панҷшер
Нерӯҳои Толибон дар вилояти Панҷшер

Як масъули Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон мегӯяд, нерӯҳои Толибон се намояндаи онҳоро дар Панҷшер сар буридаанд. Вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон рад кард.

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, рӯзи 5-уми июн дар саҳифааш дар Твиттер иддао кард, ки Толибон се узви ин ҷабҳаро дар минтақаи Карбосии ноҳияи Руха боздошт кардаву сипас сар буридаанд.

Ӯ гуфтааст, ҷасади ҷавононро мардуми маҳал ва бе ҳузури наздикону бастагонашон дафн карданд. Аҳмадӣ ин гуна бархӯрди Толибонро бо асирони ҷангӣ хилофи меъёрҳои башарӣ ва усули ҷанг донист.

Вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон мегӯяд, чунин коре аз сӯи афроди Толибон дар Панҷшер нашудааст.

Сухангӯи ин вазорат рӯзи якшанбе дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфтааст: "Дар мавриди сарбуриданҳо. Бароятон бигӯям, ки то ҳанӯз нерӯҳои мо сари касеро набуридаанд. Худо накунад, ки сари касе бурида шуда бошад."

Ӯ афзуд, баъзе аз сокинон, ки аз сӯи афроди Толибон дар Панҷшер ё вилоятҳои дигар боздошт мешаванд, "пас аз баррасӣ ва собит шудани бетарафияшон дубора озод мешаванд."

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер ва шуморе аз вилоятҳои шимолии Афғонистон алайҳи Толибон меҷангад.

XS
SM
MD
LG