Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яке аз гумонбарон ба қатли Литвиненко даргузаштааст


Александр Литвиненко
Александр Литвиненко

Дмитрий Ковтун, яке аз ду марди рус, ки Бритониё ба заҳролуд кардани мунтақиди Кремлин ва афсари пешини ФСБ Александр Литвиненко муттаҳам медонист, аз бемории COVID-19 дар Маскав даргузаштааст.

Андрей Луговой, вакили порлумони Русия, ки низ дар ин парванда гумонбар дониста мешавад, хабари марги Ковтунро тасдиқ кард.

Мақомоти Бритониё мегӯянд, Литвиненко соли 2006 пас аз нӯшидани чойи олуда ба заҳри полониум-210 дар меҳмонхонаи Миллениуми Лондон, ки онҷо бо Ковтун ва Луговой мулоқот дошт, даргузашт.

Муфаттишон гуфтанд, онҳо дар Лондон ва дар ҳар маконе, ки Ковтун ва Луговой буданд, аз ҷумла идораву меҳмонхонаҳо ва ҳавопаймову варзишгоҳи футбол, осори полониумро пайдо карданд.

Гумонбарон даст доштани худро дар марги Литвиненко рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG