Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тандурустӣ ва додситони кулли Қирғизистон муваққатан бекор "монданд"


Олимқодир Бейшеналиев ва Қурмонқул Зулушев
Олимқодир Бейшеналиев ва Қурмонқул Зулушев

Cодир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон вазири тандурустӣ ва додситони куллро муваққатан аз мақомҳояшон барканор кардааст. Бар асоси фармон, қарори мазкур барои бетарафона анҷом гирифтани тафтиши парвандаи Олимқодир Бейшеналиев, вазири тандурустӣ қабул шудааст, ки ӯро додситон ба фасоду ришвахорӣ муттаҳам мекунад.

Рӯзи 2-уми июн Қурмонқул Зулушев додситонии кулли Қирғизистон хабар дод, ки Бейшеналиевро бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва сӯистифода аз мақом ва бастани қарордодҳои зиёновар дастгир кардаанд. Ба гуфтаи додситонӣ, ӯ фармон додааст, ба Қирғизистон бо арзиши 1.5 миллиард сом ваксина ба зидди коронавирус ворид кунанд, ҳарчанд дар кишвар ваксинаҳо аз ҳисоби кумаки башардӯстона вуҷуд доштаанд.

Ба гуфтаи тафтишот, пул ба минтақаҳои офшорӣ рафтааст. Содир Ҷабборов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ӯ комиссияи махсусеро барои таҳқиқи иттиҳомот ба зидди вазир таъсис додааст.

XS
SM
MD
LG