Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ мегӯяд, "душманон" мехоҳанд, Эронро бесубот кунанд


Ali Khamenei, Leader of the Islamic Republic of Iran
Ali Khamenei, Leader of the Islamic Republic of Iran

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон “душманон”-и кишварро, ки асосан ишорае ба Амрикост, ба талоши истифода аз тазоҳурот барои ноамн кардани Ҷумҳурии Исломӣ муттаҳам кард. Ӯ дар суханронии бахшида ба солгарди марги Оятуллоҳ Алии Хумайнӣ, бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рӯзи 4-уми июн гуфт: “Умедашон ин аст, ки бо кори равонӣ ва фаъолияти интернетӣ ва муздурпарварӣ мардумро дар муқобили низом қарор диҳанд. Ин муҳосибаи душмани мо ғалат аст.”

Дар Эрон дар чанд соли ахир тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ зиёдтар шудааст. Начандон пеш неруҳои эронӣ тазоҳуроти мардумиро, ки баъди фӯру рехтани як бино дар шаҳри Ободон сар зад, бераҳмона фӯру нишонданд. Дар ин фалокат дар шаҳри Ободон дар рӯзи 23-уми май 38 нафар кушта шуданд.

Тазоҳургарон аввал мақомоти маҳаллиро гунаҳкори фалокат номиданд, вале баъдан ба зидди ҳукумат шӯрида, “Марг бар Хоманаӣ” ва “Марг ба диктатор” шиор доданд. Барои пароканда кардани ин тазоҳурот мақомот аз гази ашковар истифода бурданд.

Пештар аз ин фалокат, мардуми зиёде дар шаҳрҳои Эрон ба нишон эътироз аз болоравии зиёди нархи маводи ғизоӣ дар Эрон раҳпаймоӣ карданд. Баъди ҷанги бедалели Русия дар Украина қиматҳо мисли дигар гушаҳои ҷаҳон дар Эрон ҳам башиддат боло рафтанд.

XS
SM
MD
LG