Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канада нисбати 22 кас, аз ҷумла Алина Кабаева таҳрим ҷорӣ кард


Алина Кабаева
Алина Кабаева

Канада нисбати 22 шаҳрванди Русия ва чаҳор ширкати русӣ таҳримҳои нав ҷорӣ кард.

Дар рӯйхати нави таҳримҳо - қаҳрамони олимпӣ Алина Кабаева низ ҳаст, ки аз вай маъшуқа ё ҳамсари Владимир Путин, президенти Русия, ном мебаранд.

Дар таҳримҳои нав ҳамчунин ду духтари сарватманд Михаил Фридман, раиси "Новикамбанк" Елена Георгиева, мудири ширкати кӯҳиву металлургии Урал Андрей Козинсин ва мақомдорони дигари Русия ҳастанд.

Канада рӯзи 20-уми май ҳамчунин нисбати 14 шаҳрванди Русия таҳрим ҷорӣ карда буд. Дар рӯйхати пешин низ "сарватмандони Русия, аъзои хонаводаи онҳо ва афроди наздик ба Путин" буданд.

Пештар нисбати Алина Кабаева Бритониё таҳрим ҷорӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG