Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи занони футболбози тоҷик оғоз меёбад


Дастаҳои футболи занонаи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Дастаҳои футболи занонаи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона, ки бори панҷум доир хоҳад шуд, рӯзи якшанбе, 5-уми июн, шуруъ мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар мусобиқаи имсола низ даҳ даста иштирок мекунад: «Зебонисо» (Душанбе), «Ситора» (Шаҳринав), «Суғд» (Суғд), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Конибодом» (Конибодом), «Хатлон» (Бохтар), «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ (МДМВ, Кӯлоб). Мусобиқа дар ду давра сурат мегирад ва ҳар даста 18 бозӣ анҷом медиҳад.

Тибқи қуръакашии лигаи футболи занонаи Тоҷикистон, ки 31-уми май дар қароргоҳи ФФТ баргузор шуд, дар даври аввали мусобиқа - 5-уми июн панҷ бозӣ доир мегардад: «Конибодом» (Конибодом) – «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ) – «Суғд» (Суғд), «Ситора» (Шаҳринав) – «Зебонисо» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар) – МДМВ (Кӯлоб), «Бунҷикат» (Шаҳристон) – «Бешкент» (Носири Хусрав).

Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаҳои занонаро бо либоси варзишӣ, тӯб ва пойафзол таъмин мекунад. Инчунин ФФТ ҳаққи музди доварон, роҳкиро ва хароҷоти ғизои дастаҳоро дар бозиҳои сафарӣ пардохт менамояд.

Ёдовар мешавем, соли 2021 мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон бо иштироки даҳ дастаи занона сурат гирифта буд. “Хатлон”-и Бохтар ғолиби мусобиқа гардид. Ба дастаи «Зебонисо»-и Душанбе, ки мақоми дувумро азони худ кард, медалҳои нуқра супурда шуд. Дастаи «Суғд»-и вилояти Суғд, ки мақоми севумро соҳиб шуд, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардид.

Ҳамин тариқ, дастаи «Хатлон» бори дувум дар таърихи худ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт. Бори аввал бохтариҳо соли 2019 ғолиби Лигаи занонаи футболи Тоҷикистон шуда буданд.

Дастаи “Зебонисо”-и Душанбе низ ду бор – солҳои 2018 ва 2020 дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни тимҳои занона пирӯз шудааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои занона

Даври 1-ум

5-уми июн (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 9:00

«Конибодам» (Конибодом) – «Ҳосилот» (Фархор)

«Зебо» (Дӯстӣ) – «Суғд» (Суғд)

«Ситора» (Шаҳринав) – «Зебонисо» (Душанбе)

«Хатлон» (Бохтар) – МДМВ (Кӯлоб)

«Бунҷикат» (Шаҳристон) – «Бешкент» (Носири Хусрав)

XS
SM
MD
LG