Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боррелл гуфт, таҳримҳои нав боиси кам шудани нархи нафти Русия мешавад


Жозеп Боррелл, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо
Жозеп Боррелл, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо

Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Жозеп Боррелл гуфт, бастаи шашуми таҳримҳои зидди Русия ҳаҷми содироти нафти ин кишварро фавқулода коҳиш медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, ин вазъ на танҳо дар кам шудани ҳаҷми фурӯши нафти русӣ ба хориҷа, балки поин омадани нархи он сабаб мешавад.

Боррелл дар оғози рӯзи дуюми ҷаласаи сарони Иттиҳоди Аврупо дар мавзӯи ҷанги Украина гуфт, “мо муштарии муҳимтарини Русия мебошем”.

Ӯ афзуд, “ҳадафи асосӣ кам кардани мизони сармоягузорӣ ба мошини ҷанги Русия мебошад”.

Шоми 30-юми май, дар рӯзи аввали ҷаласа, раҳбарони аврупоӣ ба мувофиқа расиданд, ки воридоти нафти русиро ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо беш аз 70 дарсад кам мекунанд.

XS
SM
MD
LG