Таҷовузи Русия ба хоки Украина ва таҳримҳои зидди он шуморе аз соҳибкорони русро ба тарки ватан ва ҷустуҷӯйи шуғле дар хориҷа водор кардааст.
Хабаргузории “Франс Пресс” навишт, фазои муносиби тиҷорат ва худдории Имороти Муттаҳидаи Араб аз маҳкум намудани таҷовузи Русия дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ соҳибкорон, ҳуқуқшиносон ва тоҷирони русро барои муҳоҷирату кор дар ин кишвар моил намудааст.
Аслан Имороти Муттаҳидаи Араб ва ба вижа Дубай, ҳамчун макони сайру саёҳати русҳои сарватманд шинохта мешавад.
Йохен Кнехт мудир-омили минтақаи байнулмилалии озоди тиҷорат дар Имороти Муттаҳидаи Араб мегӯяд, аз оғози имсол шумораи корҷӯёни рус дар муассисаи зери раҳбарии ӯ даҳ баробар бештар шудааст.
"Дар ибтидо асосан ширкатҳои иттилоотиву тавлиди нармафзор ба ин ҷо меомаданд, ҳоло тамоми намуди соҳибкорӣ-намоишгоҳҳои ҳунарӣ, фурӯшгоҳҳо, тиҷорати қисмҳои эҳтиётӣ бо коргарону анборҳояшон дар ин ҷо маскан мегиранд," – гуфтааст ӯ.
Пешбинӣ мешавад, ки дар оянда ин раванд тавсеа меёбад. Моҳи апрели имсол раиси Бонки Миллии Русия Элвира Набиуллина гуфта буд, ки таҳрими иқтисодии кишварҳои ғарбӣ ба ҳама бахшҳои иқтисоди ин кишвар таъсир гузошта, боиси бозсозии сохтории хоҷагии Русия хоҳад шуд.
Даря Невская, ходими ширкати русии ҳуқуқӣ, ин ҳарфҳоро тасдиқ мекунад: "Муштариёни мо на танҳо бо Иттиҳоди Аврупо, балки бо мамолики дигар, ба сабаби маҳдудиятҳои бонкӣ, бо танзими тиҷорати хориҷӣ мушкил доранд. Аз ин рӯ, бисёре аз тоҷирони русе, ки дар рӯйхати таҳримшудаҳо нестанд, Дубайро ҳамчун макони бетараф барои соҳибкорӣ арзёбӣ мекунанд."
Ин хонум, ки чанде пеш аз Русия ба Дубай кӯчидааст, бовар дорад, ки барои русҳо ташкили рӯзгору тиҷорат дар ғарибӣ осон нахоҳад буд. Ӯ як моҳ инҷониб наметавонад 5 ҳазор евроро, ки аз Маскав ба Дубай фиристода буд, бигирад, зеро пулаш дар бонкҳои аврупоӣ банд мондааст.
Ба қавли ӯ, азияти асосии таҳримҳо ба дӯши соҳибкорони сатҳи миёна аст, зеро аксари ба истилоҳ олигархҳо ё сарватмандони рус барвақт шиносномаҳои кишварҳои дигарро гирифта, солҳост, дар хориҷи Русия ба сар мебаранд.
Дар миёни даҳ миллион аҳолии Имороти Муттаҳидаи Араб аксариятро хориҷиён ташкил мекунанд ва бисёриҳо ин кишварро "макони рушди соҳибкорӣ" унвон додаанд.