Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолиби "Евровидение" ҷоизаи худро ба хотири Украина фурӯхт


Музояда аз сӯи бунёди хайрияи барандаи телевизион ва фаъоли ҷамъиятӣ Сергей Притула ташкил шуд
Музояда аз сӯи бунёди хайрияи барандаи телевизион ва фаъоли ҷамъиятӣ Сергей Притула ташкил шуд

Гуруҳи украинаии "Kalush Orchestra", ки имсол дар озмуни мусиқии "Евровидение" баранда шуд, ҷоизаи худ "микрофони булӯрин"-ро дар як музояда бар ивази 900 ҳазор доллар фурӯхтааст.

Бахши русии Би-би-сӣ навишт, музояда аз сӯи бунёди хайрияи барандаи телевизион ва фаъоли ҷамъиятӣ Сергей Притула ташкил ва дар YouTube пахш шуд.

Сергей Притула қаблан гуфта буд, бо баргузории як иқдоми хайрия мехоҳанд, пул ҷамъ оварда, барои нерӯҳои ҳавоии Украина ҳавопаймои бесарнишини "PD-2" бихаранд.

Сокинони Литва ҳам дар се рӯз 5 миллион евро ҷамъ карданд, то барои артиши Украина бесарнишини туркӣ харанд. Ҷамъ шудани маблағро вазири дифои Литва Арвидас Анушаускас тасдиқ кард.

XS
SM
MD
LG