Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон аз Қазоқистон 123 ҳазор тонна орд ворид кардааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Узбекистон аз аввали имсол 124,8 ҳазор тонна ордро аз хориҷ ба маблағи 38,5 миллион доллар ворид кардааст.

Кумитаи давлатии омори Узбекистон гуфтааст, ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 22 ҳазор тонна бештар аст.

Узбекистон моҳҳои январ-апрели имсол аз ҳама бештар аз Қазоқистон (122,8 ҳазор тонна) орд ворид кардааст.

Ҳамчунин аз Русия 1,9 ҳазор тонна, аз Амрико 50 тонна, аз Итолиё 27 тонна, Ҳиндустон 2 тонна ва аз Фаронса 1,8 тонна орд овардааст.

XS
SM
MD
LG