Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Амрико ва ҳамсараш ёди хонандагонро гиромӣ доштанд


Гӯшаи хотираи қурбониёни ҳамла дар девори мактаби Ювалде
Гӯшаи хотираи қурбониёни ҳамла дар девори мактаби Ювалде

Президенти Амрико Ҷо Байден ва ҳамсараш рӯзи 29-уми май ба шаҳри Ювалдеи иёлати Техас рафтанд. Дар ин шаҳр рӯзи 24-уми майи имсол дар натиҷаи тирандозӣ 19 хонандаи мактаб ва ду омӯзгор кушта шуданд.

Дар як моҳи охир бори дуюм аст, ки президенти Амрико ба макони кушторҳои ҷамъӣ меравад. Дар ҳодисаи тирандозии Буффало рӯзи 17-уми май як марди нажодпараст дар фурӯшгоҳе 10 амрикоии африқоитаборро аз тири туфанг ба қатл расонд. Дар Ювалде президенту ҳамсараш дар мақбараи 21 салиб гул гузоштанд.

Рӯзе аз ин пеш зимни суханронӣ дар донишгоҳи Делавар ӯ кушторҳои ҷамъии моҳи майро “бадбахтие” номид, ки “дар натиҷаи он одамони бегуноҳ кушта шуданд”. Ӯ гуфт, “мо рӯй додани фоҷеаҳоро манъ карда наметавонем, вале бояд Амрикоро амнтар кунем”.

Баъди ҳодисаи Ювалде мавзӯи зарурати назорати силоҳ ба масъалаи рақами яки баррасиҳои сиёсӣ табдил шуд.

Баҳси дигар ба вокуниши заъифи ходимони ҳифзи қонун рабт мегирад, чун мунаққидон мегӯянд, як соат баъди фоҷеа ҳам қотил дар дохили мактаб монд, дар ҳоле ки афсарон дар долони мактаб интизори омадани нерӯҳои вижа буданд.

Вазорати адлия гуфт, амали ходимони ҳифзи ҳуқуқро месанҷад.

Қотил ҷавони 18-сола Салвадор Рамос буд, ки пеш аз куштани мактаббачаҳо модаркалонашро ба қатл расондааст. Маълум нест, сабаби ин куштор чӣ будааст, вале аз назари шумори фавтидаҳо ин ҳодиса пурқурбонитарин ҳамлаи мусаллаҳона дар мактабҳои Амрико мебошад. Рамос аз дасти ходимони пулис кушта шуд.

XS
SM
MD
LG