Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи раҳбарони аврупоӣ ва баррасии кӯмакҳо ба Украина


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 30 май раҳбарони Иттиҳоди Аврупо барои баррасии кӯмакҳои нав ба Украина ва нирӯҳои он дар муқовимат ба артиши Русия, ки дар минтақаи ҷанубушарқии Донбас тамаркуз кардааст, гирдиҳам меоянд. Қарор аст, президенти Украина Владимир Зеленский дар ин ҷаласаи дурӯза ба таҳримҳои сахттари иқтисодӣ алайҳи Русия ба хотири хатми ҷанг пойфишорӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки нирӯҳои русӣ ҳуҷумҳои худро дар шарқи Украина шиддат бахшида, ба шаҳрҳои стратегии ин минтақа наздиктар мешаванд. Рӯзи 29-уми май Зеленский аз шаҳри Харков дидан кард, ки ҳамчунин мавриди оташборони русҳо қарор гирифтааст.

Ин аввалин сафари президенти Украина берун аз қароргоҳаш дар шаҳри Киев баъди шурӯи ҷанги Русия алайҳи Украина дар беш аз се моҳи охир мебошад. Фишори русҳо ба шаҳрҳои Северодонетск ва Лисичанск дар шарқи Украина бештар шудааст. Русҳо иддао карданд, ки шаҳри Лимани ҳамсояро ишғол карданд, вале украиниҳо гуфтанд, ки мудофеаи шаҳри стратегиро дар шароити сахту сангин идома медиҳанд.

Зеленский дар як муроҷиати телевизиониаш гуфт, ки дар Северодонетск “90 дарсади биноҳо хароб шуда”, ҳафтод дарсаи хонаҳо пурра вайрон шудаанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 29-уми май дар як сӯҳбаташ бо телевизиони Фаронса гуфт, ки “озод кардани” минтақаи Донбас ҳадафи “аввалиндараҷаву беқайду шарти” Маскав мебошад.

XS
SM
MD
LG