Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти президентони Тоҷикистон ва Эрон


Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Иброҳим Раисӣ. Теҳрон, 30-юми май. Акс аз сайти president.tj
Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Иброҳим Раисӣ. Теҳрон, 30-юми май. Акс аз сайти president.tj

Сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон, ки ду рӯз давом мекунад, ба иттилои расонаҳои эронӣ, бо ҳадафи беҳбуди равобити ду кишвар барпо шудааст. Субҳи душанбе, 30 май, дар кохи президенти Эрон дар Теҳрон мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ва ҳам аъзои ҳайатҳои расмии ҳарду давлат шурӯъ шуд.

Ба иттилои мақомоти тоҷик, ҳайати ҳукумати Тоҷикистонро чанд мақоми дигари ҳукуматӣ, аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ, вазири иқтисод, прокурори генералӣ ва дигарҳо ҳамроҳӣ мекунанд. Сафари Раҳмон ба Эрон дар ҳоле барпо мешавад, ки муносибатҳои ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг баъди моҷарои атрофи соҳибкори зиндонии эронӣ Бобаки Занҷонӣ ва иттиҳоми ин, ки гӯё қатлҳои афроди саршиноси Тоҷикистонро дар ҳодисаҳои 20 соли пеш Эрон тавассути Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ амалӣ кардааст, ба сардӣ печид. Ин иттиҳомҳоро ҳам Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳам худи Эрон бепояву асос хондаанд. Танҳо чанд соли охир кам-кам ин муносибатҳо нарм мешаванд.

XS
SM
MD
LG