Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зар Амириброҳимӣ "беҳтарин бозигари зан" дар ҷашнвораи Канн шуд


Бозигари "Анкабути муқаддас"
Бозигари "Анкабути муқаддас"

Зар Амириброҳимӣ, ҳунарпешаи эронӣ, барандаи ҷоизаи “беҳтарин бозигари зан”-и ҷашнвораи Канн шуд. Ҷоизаро ба ӯ барои бозӣ дар филми “Анкабути муқаддас”, сохтаи Алӣ Аббосӣ, доданд.

Маросими 75-умин ҷашнвораи филми Канн шаби 28-уми май баргузор шуд. Хонум Амириброҳимӣ ҳангоми дарёфти ҷоиза ба забони форсӣ гуфт, ки дилаш бо мардуми Эрону Ободон аст.

Зар Амириброҳимӣ ҳангоми гирифтани ҷоиза дар ҷашнвораи Канн
Зар Амириброҳимӣ ҳангоми гирифтани ҷоиза дар ҷашнвораи Канн

Ҷоизаи Зар Амириброҳимӣ дар ҷашнвораи филми Канн муҳимтарин ҷоизае аст, ки бозигарони зани эронӣ то кунун гирифтаанд.

Филми “Анкабути муқаддас” ривояте аз қатлҳои занҷираӣ аст, ки ба қасди он чӣ поксозии ҷомеа меномиданд, 16 занро дар шаҳри Машҳад куштанд.

Достон аз диди рӯзноманигори зане ривоят мешавад, ки барои пайгирии қатлҳо ба Машҳад рафта, бо анбӯҳе аз фасоду риёкорӣ ва бадахлоқӣ рӯбарӯ шудааст.

XS
SM
MD
LG