Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба шаҳрвандони Русия дар Қазоқистон гирифтани кортҳои бонкӣ мушкилтар мешавад


Тибқи гузоришҳо, Бонкҳои Қазоқистон қоидаҳои додани кортҳои пулӣ барои шаҳрвандони Русияро сангинтар мекунанд. Ба иттилои Бахши қазоқии Радиои Озодӣ, назар ба дигар шаҳрвандон, талаботи пешкаши санадҳо барои кушодани корти бонкӣ барои шаҳрвандони Русия мушкилтар буда, аз онҳо маълумотномаи ҷои кор, ҳақи зист дар Қазоқистон ва дигар санадҳои иловагӣ талаб мешавад. Шабакаи ҷумҳуриявии телевизионии КТК гуфтааст, ки бонкҳо ҳарос доранд, ки дар сурати беназорат додани кортҳо ба шаҳрвандони Русия онҳо таҳти таҳримҳои байналмилалӣ қарор мегиранд. Бонки миллии Қазоқистон гуфт, ки дар қонунҳои ин кишвар чунин талабот вуҷуд надорад, вале аз муштариҳо талаб кардани ин санадҳоро ғайриқонунӣ ҳам арзёбӣ намекунанд. Баъди шурӯи ҷанги беасоси Русия дар Украина системаҳои пардохтии Visa ва Mastercard ҳамкорӣ бо бонкҳои русиро бас карданд. Баъди ин шумори зиёди шаҳрвандони Русия ба Қазоқистон рафтанд ва яке аз ҳадафҳои онҳо ин буд, ки барои анҷоми озоди амалиёти бонкӣ соҳиби сурат-ҳисоб ва корти бонкӣ шаванд. Рӯзи 8 апрел Оҷонсии танзим ва рушди бозори молии Қазоқистон гуфт, ки аз 24 -уми феврали соли 2022 дар бонкҳои Қазоқистон тахминан 12 ҳазор ҳисобҳои нави шахсони воқеӣ – сокинони Русия ва Беларус боз шудааст. Аввали ин ҳафта ҳамин ниҳод хабар дод, ки бо сабаби таҳримҳо 21,5 миллион доллар дар ҳисобҳои намояндагиҳои бонкҳои русӣ дар Қазоқистон масдуд шудааст.

XS
SM
MD
LG