Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги қуи сафед. Ёде аз Малика Собирова, ситораи ҷаҳонии балети тоҷик. ВИДЕО


Ҳунарманде, ки исми Тоҷикистонро дар таърихи балети ҷаҳонӣ шӯҳратёр кард, агар умр вафо мекард, имсол 80-сола мешуд. Малика Собирова дар 39-солагӣ бар асари саратон даргузашт. Ногуфтаҳоро дар бораи ҳунару марги ситораи балети тоҷик аз забони наздиктарин азизонаш дар зер бихонеду бибнед:

Намуна барои ҳама

Саҳнаи Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Душанбе солҳои 70-80-уми асри гузашта ҷилвагоҳи ҳунари Малика Собирова буд. Ҳунарманде, ки номи Тоҷикистонро дар таърихи балети ҷаҳонӣ сабт намуд.

Фарангис Қосимова, раққосаи балети тоҷик, мегӯяд, маҳорати рақсиву ҳаракатҳои Малика Собирова то имрӯз барои бисёре аз ҳунармандон намунаи ибрат аст.

Фарангис Қосимова
Фарангис Қосимова

“Малика Собирова исбот кард, ки ин ҳунар дар Тоҷикистон ба шарофати ӯ дар сатҳи баландтарин ҳузур дорад. Ӯ ситораи сатҳи ҷаҳонӣ шуд. Замони таҳсилам дар Русия ба ман ҳамеша ӯро намуна меоварданд. Ӯ ситораи ҷаҳонӣ аст ва ҳоло ҳам мо талош мекунем, ки ба қадри заҳматҳои ӯ бирасем,” – гуфт ӯ.

Миралӣ Достиев, раиси пешини Театри опера ва балети Душанбе, солҳои 1980-ум шоҳиди ҳунари Малика дар саҳна буд. Ӯ мегӯяд: “Дар Аврупо бошем Русия ва ё ҳар кишвари дигар, ҳатман дар бораи Малика сухан мегуфтанд. Маликаро хуб мешинохтанд. Дар ҳақиқат, Малика – Маликаи рақси классикии ҷаҳонӣ ҳунари волои тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ карда буд. Мо аз ин ифтихор мекунем”.

Мегуфт, "беҳтар аз дигарон бошем"

Малика Собирова 22-юми майи соли 1942 дар оилаи найнавози театри операву балет Абдураҳим Ҷалилов зода шудааст. Дар 10-солагӣ бар асоси озмун ба яке аз мактабҳои беҳтарин - Омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Ленинград қабул шуда, баъди хатми он дар 19-солагиаш ба кор дар театри Киров даъват шуд. Вале Малика Собироваро дар Душанбе интизор буданд.

Музаффар Бурҳонов
Музаффар Бурҳонов

Музаффар Бурҳонов дар Ленинград аз 8-солагӣ ҳамсинфу шарики рақсӣ ва баъдан то охирин нафасаш ҳамсафари зиндагии Малика буд. Ҳунарманди 80-сола ҳоло дар Берлин зиндагӣ мекунад ва мегӯяд, барои бисёре аз заҳматҳояш аз Малика Собирова сипосгузор аст.

“Мо бисёр асарҳои фавқулодаро эҷод кардем. Ҳамаи дастовардҳои муштараки мо ба шарофати ӯву меҳнатдӯстиаш ба даст омадаанд. Ӯ маро маҷбур мекард, ки кор кунам. Як андоза танбал будам. Ӯ маро ҳамеша водор мекард, ки кор кунам. Ҳамин чиз маро нерӯмандтар кард. Ӯ аз ин назар бисёр қавӣ буд ва маро рӯҳан нерӯ мебахшид. Вақте мо бо “Болшой театр” ба сафарҳои ҳунарӣ мерафтем, ӯ ҳамеша мегуфт: “Мо бояд беҳтар аз дигарҳо бошем”. Ва мо аз ҳама беҳтар ҳам иҷро мекардем. Мо дар охири барнома бо мушкилтарин саҳнаҳо ҳунарнамоӣ мекардем. Дигарҳо чизҳои сабуки мисли адаҷио, миниатюраро иҷро мекарданд, мо бо саҳаҳои комили падеде баромад мекардем,” – ба ёд овард ӯ.

Марги қуи сафед. Ёде аз ситораи ҷаҳонии балети тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:42 0:00

Аз "Жизел" то "Кӯли қувон"

Малика дар маъруфтарин намоишномаҳо – “Жизел”, “Дон Кихот”, “Кӯли қувон”, “Ромео ва Ҷулетта” ва дигарҳо нақши аввалро бозидааст. Соли 1969 дар Маскав барандаи нишони тиллои Озмуни байнулмилалии артистони балет ва панҷ сол баъд ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.

Владимир Василев, ҳунарпешаи хидматнишондодаи СССР, коргардони “Болшой театр”, ҳамроҳ бо ҳамсараш Екатерина Максимова шоҳиди аввалин ҳунарнамоиҳои касбии Малика Собирова ва Музаффар Бурҳонов буданд. Онҳо дар «Болшой театр»-и Маскав дар як вақт шогирди балеринаи маъруфи шӯравӣ Галина Уланова буданд.

Малика Собирова
Малика Собирова

Ин ҳунарманди 85-сола мегӯяд: “Малика Собирова ситораи сатҳи аввал аст. Ман бо дилпурӣ инро мегӯям, чун аз қадамҳои аввалаш ӯро мешиносам. Он замон дар Иттиҳоди Шӯравӣ Малика Собирова ва ҳамсараш Музаффар Бурҳонов ситораҳои ҳамвазн бо Максимова ва Василев дониста мешуданд... Малика дар ҳунари рақс нигоҳи худро дошт ва ҷойгоҳашро хуб дарк мекард ва ин эҳсос барои ман ва Екатерина Сергеевна Максимова ҳам хеле арзишманд буд. Ӯ ҳеч гоҳ ҳарфи дурӯғ надошт ва ҳамеша дар сӯҳбатҳояш самимиву ростгӯ буд... Ногаҳон чунин шуд, ки духтараке аз Тоҷикистон барандаи нишони тилои озмун шуд. Галина Сергеевна Уланова маҳз ӯро интихоб кард... Шояд ӯ барои мақоми прима-балерина ҳанӯз намерасид, чун тавони иҷрои нақшҳои мухталифро бояд дошт. Вале ӯ як вижагие дошт, ки Галина Уланова ба он аз сар аҳамият дод.”

Филм-балети “Рубоиёти Хайём”-и Толиб Шаҳидӣ соли 1981 бо супориши Телерадиофонди давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ таҳия гардид. Шаҳидӣ мегӯяд, ширкати Малика дар ин намоишнома мояи ифтихор буд: “Ҳузури Малика Собирова дар ин намоишнома барои мо як тӯҳфаи тақдир буд, гӯем мешавад, чунки ин раққосаи балет дар тамоми ҷаҳон маъруф буд. Ӯ ҳамеша дар намоишномаҳои “Болшой театр”-и Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам театри мо - Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мерақсид. Ин фаромӯшношуданӣ аст ва ҳар вақте филм-балетро қисман ё пурра тамошо мекунам, аз он дар ҳайрат мемонам, ки чӣ хуб шуд, ки тавонистем чунин раққосаи беҳамтои балетро сабт кунем.”

Толиб Шаҳидӣ
Толиб Шаҳидӣ

Мутахассисони ҳунари балет мегӯянд, як муваффақияти Малика Собирова дар истеъдоди табиии ӯ буд. Владимир Василев чунин тасвир мекунад: “Малика Собирова иҷрои техникиву дақиқияти фавқулода дошт. Мавқеъ, даст, тарзи ҳаракаташ бисёр дақиқ буд ва тавозуни олӣ дошт. Бо ҳамин хислатҳояш аз раққосаҳои дигар фарқ мекард. Ӯ дар “Дон Кихот”, “Жизел” бо беҳтарин шева рақсидааст... Айни замон, ӯ ҳамеша гуё дар як ҳолати бедифоӣ буд, ҳеч гоҳ дар ӯ худбовариву берӯӣ дида намешуд. Ин хислатҳоро дар рақс мо гоҳо аз прима-балеринаҳо талаб мекардем”.

"Саратони шуш"

Вале сарсупурдагӣ ба кору заҳматҳои шабонарӯзии Малика дар саломатиаш беасар намонд. Ба қавли ҳамсараш, баъди як ҳолати нафастангии шадид дар Куба тамоми консертҳои аврупоӣ бекор шуд ва ду моҳ баъди табобати иштибоҳии бемории сил дар Душанбе табибон дар Маскав ҳукми сангине бароварданд: Саратони шуш. Ӯ он замон 37 сол дошт.

Музаффар Бурҳонов бо гузашти 41 сол аз марги ҳамсари аввалаш давраи бемории ӯро чунин ба ёд овард: “Ӯ бемор буданашро медонист, вале натиҷаи ташхисро намедонист. Ӯ мегуфт: “Ман (аз ин беморӣ) раҳо мешавам, ман шифо меёбам.”

Радиои Озодӣ: Ӯ мубориз буд?

Музаффар Бурҳонов: “Бале. Вале вақте вазъ бадтар шудан гирифт, ҳис кард.”

Радиои Озодӣ: Чӣ мегуфт?

Музаффар Бурҳонов: “Бигӯям?”

Радиои Озодӣ: Бале

Лаҳзае аз суҳбати Хиромон Бақозода бо Музаффар Бурҳонов
Лаҳзае аз суҳбати Хиромон Бақозода бо Музаффар Бурҳонов

Музаффар Бурҳонов: “Агар бо ман чизе шавад, ту зан мегирӣ?” Ман гуфтам: “Чиҳо мегӯӣ?” Гуфт: “Илтиҷо мекунам...” Гуфтам: “Чаро чунин мегӯӣ? Бо ту чизе намешавад”. Гуфт: “Азизам, ваъда деҳ, ки зан намегирӣ.” Гуфтам: “Кӯшиш мекунам, вале медонам, ки бо ту чизе намешавад”. Бо ҳар роҳ ӯро ором карданӣ мешудам. Ин як ҳолат буд. Ҳолати дигаре замоне рух дод, ки мо дар Маркази саратоншиносӣ будем. Дар ошёнаи 17-ум.”

Радиои Озодӣ: Ин дар Маскав буд?

Музаффар Бурҳонов: “Бале. Ӯ аллакай пай мебурд, ки чӣ беморӣ дорад.”

Радиои Озодӣ: Аз рӯи номи беморхона?

Музаффар Бурҳонов: “Бале. Мо ба балкон баромадем. Балкон баланд буд. Ӯ гуфт: “Биё, парвоз мекунем” Гуфтам, “Чӣ хел парвоз кунем?” Мо аввал болои курсӣ ва аз он болои тоқчаи балкон баланд шудем. Пурсид: “Аз паридан наметарсӣ?” Гуфтам: “На”. Гуфт: “Биё, мепарем”. “Биё, мепарем”. Ӯ ба поён паридан мехост. “Эҳ, биё, мепарем”, гуфтам.”

Радиои Озодӣ: Яъне Шумо ҳам аллакай ноумед шуда будед?

Музаффар Бурҳонов: “Ман як ҳолате доштам, ки дигар ҳама чиз бароям бетафовут буд. Бисёр ӯро дӯст медоштам. Бисёр барояш ғам мехӯрдам.”

Радиои Озодӣ: Чӣ чиз Шуморо аз паридан боздошт?

Музаффар Бурҳонов: “Мо дастонамонро ба ҳам дода истода будем, ки ногаҳон аз пушт як духтур омада ба тарафи худ кашид. “Шумо чӣ кор мекунед, девона шудед?” Ман гуфтам, “Не, мо машқ мекунем”.

Радиои Озодӣ: Яъне Малика омода буд, ки сарозер шавад?

Музаффар Бурҳонов: “Бале ва ҳамроҳаш маро ҳам бурдан мехост. Маро дӯст медошт. Намехост, ки ман ба каси дигар бирасам. Вақте ман ӯро ба Душанбе бурдам, ӯ дар ҳолати вазнин буд.”

Радиои Озодӣ: Ӯ роҳ намегашт?

Музаффар Бурҳонов: “Бале, намегашт, чашмонаш намедид, фалаҷ дар рӯи ҷогаҳ буд.”

Ҳамсараш Музаффар Бурҳонов мегӯяд, як мушкиле, ки дар издивоҷ бо Малика дошт, бефарзандӣ буд. Ба гуфтаи Музаффар Бурҳонов: “Ӯ ба худаш иҷоза намедод, ки ба ҷуз балет вақташро ба кори дигар сарф кунад. Барояш балет дар ҷои аввал буд. Мегуфт, “фарзанддорӣ мешавад, аввал бояд бирақсем. Бояд биомӯзем. Вақти бачадорӣ мерасад”. Ва ниҳоят бояд гуфт, ки аз назари ҷисмонӣ заиф буд ва худро бисёр хаста мекард. Вале ӯ ҳамеша дар ҳоли рақс буд. Баъзе дигар балеринаҳо аз по меафтоданд, ӯ – на.”

Радиои Озодӣ: Шояд ӯ ҳис мекард, ки умраш кӯтоҳ аст, барои ҳамин ин хел мекард?

Музаффар Бурҳонов: “На, ҳис намекард.”

Малика Собирова субҳи сарди моҳи феврали соли 1982 даргузашт. Ӯ 39 сол дошт. Аз рӯи анъанаҳои театрӣ, ӯро бо хости худаш дар либоси қаҳрамони балети “Жизел” дар оромгоҳи Лучоби Душанбе дафн карданд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG