Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарангис мехоҳад, духтарони бештар мисли ӯ рақс кунанд. ВИДЕО


Фарангис Қосимова, устоди рақси балет дар Душанбе

Як балеринаи тоҷик мехоҳад, ки бо ҳунараш назари ҷомеаро ба ин навъи рақс тағйир бидиҳад ва шогирдони бештаре дошта бошад.

Ӯ дар Театри академии опера ва балет фаъолият дорад ва ҳамзамон ба наврасону хурдсолон аз нозукиҳои балет дарс мегӯяд. Фарангис Қосимова ба кӯдакону наврасон дар як студияи алоҳида нозукиҳои балетро меомӯзонад. Ӯ аз камтарин нафаронест, ки дар ҷомеаи суннатӣ, ба духтарон рақси балет дарс медиҳад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Фарангис мехоҳад, духтарон мисли ӯ бештар рақс кунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Балет интихоби худи Фарангис набуд. Модараш дар хурдӣ ӯро ба як озмуне ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бурд ва ӯ ҳам пирӯз омад.

"Ман зиёд дар бораи кӯдакиам ёд надорам, аммо модарам мегуфт, ки балетро дӯст медоштӣ ва кӯшиш мекард, ки ман дар хориҷа ин санъатро омӯзам. Аз ин хотир, маро ба як озмуне, ки пирӯзшудагон метавонанд дар шаҳри Перми Русия омӯзиш гиранд, бурд. Ҳоло аз модарам миннатдорам. Корам хеле писандам аст. Аз он ҳаловати зиёд мегирам. Танҳо ҳоло дарк карда истодаам, ки чӣ гуна касбро интихоб кардам ва чӣ гуна бояд муносибат кунам”,--гуфт ӯ.

Фарангис пас аз 8 соли таҳсил дар Русия, соли 2011 ба Тоҷикистон баргашт ва давоми даҳ сол боз дар Театри академии опера ва балети Тоҷикистон фаъолият дорад. Ӯ 27 сол дорад ва аллакай дар намоишномаҳои "Дон Кихот", "Кармен", "Лайлӣ ва Маҷнун", "Мақоми ишқ" дар нақшҳои асосӣ бозидааст. Мегӯяд, оғози кор барояш душвор буд, зеро на ҳама ин ҳунари ӯро хуб қабул карданд. "Солҳои 2011 вақте ки нав ба Тоҷикистон омадам ва аз рӯи тахассус корро сар кардам, душвор буд. Зеро назари мардум ба ин санъат тамоман дигар буд. Албатта танқид мекарданд ва пастзанӣ ҳам буд. Ҳоло бояд бигӯям, ки дигар ин чизҳо бароям зиёд муҳим нест, зеро танҳо ман чӣ гуна муҳим будани касбамро медонам.",--гуфт ӯ.

Ба қавли ин ҳунарманд, ҳоло назари ҷомеа ба балет то ҷое тағйир ёфтааст. Ӯ гуфт, ҳоло намоишномаҳо тамошобини зиёд доранд ва бархе аз “модарон ҳам мехоҳанд, ки кӯдаконашон ин санъатро омӯзанд”.

Новобаста ба он дар ҷомеаи Тоҷикистон рӯҳияи ба тоҷикон бегона будани балет ҳануз ҳам вуҷуд дорад, вале Фарангис мехоҳад, ки ин навъи ҳунар рушд ёбад.

“Новобаста ба вазъият ва тамошобин, мо бояд ба саҳнаи худамон арҷ гузорем. Зеро дар ҳар як кишвари дигар “ситора”-ҳои худро доранд ва метавонанд ин навъи санъатро бештар рушд диҳанд. Мо низ бояд дар ватани худ балетро сайқал диҳем. Ба мо бовар карданд ва имкон додан, ки дар кишвари дигар таҳсил кунем. Пас мо ҳам бояд коре кунем, ки дар Тоҷикистон ҳам ин навъи ҳунар бештар рушд ёбад ва маъруф гардад.”,--гуфт ӯ.

Рушди балети тоҷик дар Тоҷикистон ба солҳои 1960-1990 рост меояд. Ин санъатро ҷуфти маъруфи балет Малика Собирова ва Музаффар Бурҳонов ба арсаи ҷаҳонӣ шуҳратёр карданд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG