Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли Кароматуллои Қурбон. 29 сол пеш дар Ёвон чӣ рӯй дод? ВИДЕО


Кароматуллои Қурбон
Аз кушта шудани Кароматуллои Қурбон, овозхони зиндаёди тоҷик, 29 сол гузашт. Чаҳор сол пеш хабарнигорони Радиои Озодӣ ба маҳалли қатли ӯ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон рафта, бо такя ба нақли шоҳидон гузориш таҳия карда буданд, ки муҳтавояш куҳна нашудааст. Ин матлабро, ки эҳтимол бархе надидаанд, дубора бо видеояш нашр мекунем.

Хайрбод. Гузориш аз маҳалли қатли Кароматуллои Қурбон

Бо гузашти 29 сол аз марги фоҷеабори овозхони маъруф, Кароматуллои Қурбон, дар деҳаи Тошохури ноҳияи Ёвон як хонавода баробари дидани аксу наворҳои ин ҳунарманд ашк мерезанд. Ҳам ба ёди ин ҳунарманди ҷавонмарг, ки тӯйи писари нахустинашонро обод карда буд ва ҳам барои тамоми бадбахтиҳое, ки баъд аз қатли бераҳмонаи ӯ бар сарашон омад.

29 сол пеш, моҳи октябри соли 1992, Кароматуллои Қурбон маҳз барои иштирок дар тӯйи арӯсии писари Ҷӯрахоновҳо бо аъзои гурӯҳаш ба Ёвон рафт. Базми гарму зебое, ки то соати 4-и рӯз давом кард, барои соҳибони маъракаву даҳҳо тамошобин як рӯйдоди фавқулода хотирмоне буд, чун ситораи ҳунар ва овозхони рақами яки эстрадаи тоҷик шахсан дар маъракаи онҳо хидмат мекард.

Навор аз бойгонии Радиои Озодӣ:

Азияти Ашӯрмоҳу хонаводааш баъд аз қатли Кароматулло

Ашӯрмоҳ Аҳмадова, ки ёдоварӣ аз он ҳаводис барояш хеле сахту сангин ва дардовар аст, 24-уми июни соли 2017 ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамсараш Хайруллоҳ Ҷӯрахонов аз он шод буд, ки тавассути дӯсташ Аслонбек Нуров (маъруф бо лақаби “Деҳқон”) тавонист, базмашро бо ҳузури ҳунарманди маҳбуб обод кунад.

“Дар ҳавлии мо овозхонӣ кард ва баъд ба тӯйи дигар, ба хонаи Сулаймон, даъват шуд. Соҳиби он хона ҳам, ки орзу дошт, дар тӯяш Кароматулло ширкат кунад, баъд аз тӯй ҳамроҳ бо овозхон ва гурӯҳи ӯ кушта шуд”, - нақл кард ӯ.

Субҳи дигар ба хонаи тӯйдор хабари марги Кароматулло расид. Баъди ин, гуфт Ашӯрмоҳ Аҳмадова, зиндагии онҳо ҳам ба куллӣ тағйир ёфт. Силоҳбадастон пайваста меҳмонашон мешуданд ва дар бораи ҷузъиёти ҳодиса мепурсиданд. Ашӯрмоҳ Аҳмадова мегӯяд, шавҳараш дар пайи фишору таъқиб ва тарси ҳамешагӣ даргузашт.

Мегӯянд, ки Кароматуллои Қурбонро дар ҳамин маҳал куштаанд
Мегӯянд, ки Кароматуллои Қурбонро дар ҳамин маҳал куштаанд

"Дигар ба худ наомадем"

“8-9 сол азоб доштем. Шавҳарам 3-4 рӯз баъди таъқибҳо гурехту рафт, ману фарзандон азоб доштем. Худамро бо писарам ба шӯъба бурданд. Мегуфтам, ки ман чизе намедонам. 5 силоҳдор писарамро як рӯз омада бурданд, тамоми дандонҳояшро канданд. Хулоса, то ҳоло мо ба худ наомадаем ва ҳар касе аз дарамон медарояд, моро як ваҳм фаро мегирад”, - нақл карда буд ӯ.

Дар деҳаи Даҳана, воқеъ дар даромадгоҳи ноҳияи Ёвон, 50-километрии Душанбе, ҳама – аз пир то ҷавон – ҷузъиёти ин ҳодисаҳоро нақл мекунанд. Медонанд, ки ҳунарманди маъруф дар куҷо ва чӣ тавр кушта шуд. Аммо дақиқтар ба мо дар бораи ин ҳодиса собиқ корманди милиса Муҳаммадлатиф Тағоев (моҳи июни соли 2017) нақл кард. Тағоев ҳамон шабе, ки Кароматуллои Қурбон кушта шуд, дар дидбонгоҳи деҳаи Даҳана навбатдор будааст.

​“Ба Кароматулло гуфтам, ки бегоҳ нашуда аз Ёвон барояд”

Бино ба нақли Муҳаммадлатиф Тағоев, рӯзи 18-уми октябри соли 1992 ӯ дар дидбонгоҳ буд ва Гурӯҳи ҳунариро бо раҳбарии Кароматуллои Қурбон пешвоз гирифт.

“Вақти ба ноҳия ворид шудан ба Кароматулло гуфтам, ки беҳтар аст то соати панҷи бегоҳ тӯйро анҷом дода, ба Душанбе баргардад. Чун дар ноҳия он шабу рӯз гурӯҳҳои гуногун буданд ва чандон ором набуд. Кароматулло ҳам гуфт, шартномаи ман то соати 17:00 аст. Аммо бегоҳ наомад. Ман навбатдориамро супурдаму ба тӯйхона рафтам ва дубора огоҳ кардам, ки як бало карда, аз ноҳия шаб нашуда барояд. Аммо баъзе бачаҳо гуфтанд, ки ӯро худамон гусел мекунем. Ман хона рафтам ва шаб садои тирпаронӣ шуд”, - нақл карда буд ӯ соли 2017.

Муҳаммадлатиф Тағоев
Муҳаммадлатиф Тағоев

“Мо дар ин ҷо ҷанг мекунем, Шумо...”

Тафтишоти баъдӣ бар асоси нишондоди шоҳидони воқеӣ мушаххас кард, ки ин қатли гурӯҳӣ аз сӯи Абдувосит Самадов, ки он шаб бо гурӯҳаш дар дидбонгоҳи деҳаи Даҳана қарор доштанд, анҷом шудааст.

Баъд аз бозгашт аз тӯйи дуввум ин гуруҳ, ки ҳамагӣ маст будаанд, Кароматулло, ҳамроҳонаш ва соҳибони тӯй, дар умум 12 нафарро боздошт карданд. Қумондони сармаст ба гуруҳ ҳукм содир карда мегӯяд, “мо дар ин ҷо ҷанг мекунем, Шумо дар туйҳо гаштаед” ва ҳамаро ба қатл мерасонад.

Ҳоло дар дидбонгоҳи деҳаи Даҳана ба ҷойи ду вагон, ки дар гузашта ҷойи кори милисаҳо буд, як бинои дуошёна қомат афрохтааст ва шуъбачаи умури дохилӣ амал мекунад.

Муҳаммадлатиф Тағоев бо ишора ба девори сангии рӯ ба рӯи бинои умури дохилӣ гуфт, ҳамин ҷо Кароматулло ва гурӯҳашро паррондаанд. Дар баъзе аз ин сангҳо нишони тир то ҳанӯз ҳам аз он ҳаводиси мудҳиш шаҳодат медиҳанд. Ҷасадҳоро баъди ду рӯз аз ҳавзи партобҳои корхонаи кимиёвии Ёвон пайдо ва ба наздиконашон супурдаанд.

Аз байни ҳамроҳони Кароматуллои Қурбон фақат як нафар аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурд. Рустам Алимов, корманди фаннии гурӯҳ, тавассути боғу дараҳо фирор карда, баъдан дидаҳояшро ба пулис нақл намудааст.

​“Ҳатто ба Наврӯзи 17-сола раҳм накарданд”

Ортиқи Қодир аз дӯстони наздики Кароматуллои Қурбон мегӯяд, имрӯз ягона шоҳиди ҳодиса Рустам дар Тоҷикистон нест. Ӯ ба бозпурсиву фишорҳо тоб наоварда, ба берун рафтааст.

Ортиқи Қодир, ки дар пурсишҳои Рустам ширкат кардааст, аз номи ӯ нақл мекунад: “Вақте гурӯҳи силоҳбадаст раққосаро аз мошин берун меоранд, вай доду фиғон мекунад. Таваҷҷуҳи ҳама ба ӯ мешавад ва Рустам дар пушти як техника пинҳон мешаваду мегурезад. Қотилон ба ягон нафар, ҳатто ба Наврӯзи бародари Кароматулло, ки 17 сол дошт ва овозхонӣ мекард, раҳм намекунанд. Нақл мекунанд, ки вақте Восит як автомат тирро ба ҷисми Кароматулло холӣ кард, Наврӯзи бародараш худро ба рӯйи Кароматулло мепартояд ва ӯ ҳам кушта мешавад. Баъд Абдураҳмони найнавозу Фариди саксофоннавоз ва Ҷамолиддин - ҷияни Кароматулло ҳам кушта мешаванд”.

Ортиқи Қодир
Ортиқи Қодир

Ортиқи Қодир ба ёди дӯсташ Кароматуллои Қурбон китобе бо номи “Ёди ту оташест” навишта, аз ин ҳодиса ҳам ба ёд овардааст. Дар ин китоби худ ӯ саҳнаи худоҳофизӣ бо ҳунармандро дар Душанбе тасвир кардааст, ки чӣ тавр мардуми зиёд барои гусели овозхони дӯстдоштаи худ дар назди Театри опера ва балети Душанбе ҷамъ омада, ашк рехтанд. Ортиқи Қодир ба ёд меорад, ки дар суҳбатҳо Кароматуллоҳ ҳамеша нақли фарзандонашро мекард ва бо вуҷуди серкорӣ ҳама ҳушу ёдаш ба бачаҳояш буд.

​"Он вақт фаҳмидам, ки ғам чист"

Муҳаммадрофеъ, писари Кароматуллои Қурбон, ки шабу рӯзи ҳодисаи қатли падар 6 сол дошт, мегӯяд, дар ҳамин син ӯ бори аввал чӣ будани ғамро эҳсос кард:

“Мо, ки хурдсол будем, ҳар бор аз оинаи нилгун ҷангу ҷӯшро нишон медоданд, медидему ақламон чизеро намегирифт. Моҳи октябри соли 1992, вақте ин воқеа рух дод, моро ба хонаи бобоям бурданд. Хоҳару додарам хеле хурдсол буданд ва чизеро дарк намекарданд. Вале ман ҳис кардам, ки ғам чӣ аст. Гиряҳои модарам, мардуми зиёди ҷамъомада, ки ҳама гиря мекарданд. Ҳамаи ин даҳшат ёдам ҳаст.”

Баъд аз марги падар Муҳаммадрофеъ, ки дар мактаби оддӣ таҳсил мекард, ба мактаби мусиқӣ барои таҳсил рафт. Ду соли баъд ӯ аввалин бор дар озмуни “Ормон” барои гиромидошти Кароматуллои Қурбон рӯйи саҳна омад ва марсияи падарро суруд. Муҳаммадрофеъ мегӯяд, ӯ, ки аз дидори падар сер нашудааст, имрӯз на танҳо ҳунар, балки симои ӯро ба худ гирифтааст.

Муҳаммадрофеи Кароматулло
Муҳаммадрофеи Кароматулло

Ӯ дар ороиши мӯй ва либосу зоҳир кӯшиш мекунад, монанди падар бошад. Дар бораи ҳодисаи марги падар фарзандон ҳам ҳамон чизеро медонанд, ки дар расонаҳо то имрӯз нашр шудааст, вале Муҳаммадрофеъ бо боварӣ мегӯяд, агар имрӯз падараш зинда мебуд, дунёи онҳо ҳам дигар буд.

Яке аз ҳазорон қурбонии ҷанг

Овозхони саршиноси тоҷик Кароматуллои Қурбон яке аз садҳову ҳазорон қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ 29 сол пеш бо “аҳли олам хайрбод” гуфт. Имрӯз ҳам садои хушнавози оҳангҳои ӯ, аз ҷумла дар Интернет, хомӯш намешавад ва оҳангу таронаҳои дилнишин ёди ӯро дар қалбҳо зинда нигаҳ медорад.

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG