Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Зиндагӣ аз ман рабуда ...»


Tajik - the cover of the new book by Sunnati
Tajik - the cover of the new book by Sunnati

Оғози суруди «Зиндагӣ аз ман рабуда…» - и Кароматуллоҳи Қурбон - овозхони зиндаёди тоҷик акнун муқоваи китоберо ҳам зеб медиҳад. Аз муқова акси Кароматулло ба мо менигарад, бо ҳамон табассуми фарох ва самимонаи хоси ӯ.

Як чеҳраи рамзӣ ва намирандаи даҳҳову садҳо қурбониёни силоҳбадастони маънивияткуш дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон. Ситораҳое, ки аз тири ҷаҳолат ҷисми онҳо мурда, аммо бо ҳунар ва осори худ рӯҳи онҳо зиндааст ва ба имрӯзиёну ояндагон паёми ишқ мефиристанд. Ёдномаи яке аз онҳо, ки аз тарафи рӯзноманигор – Набиуллоҳи Суннатӣ таълиф шудааст, дар нашриёти «Шарқи озод» дар Душанбе бо теъдоди 1 ҳазор нусха ба нашр расид.
Муаллифи «Зиндагӣ аз ман рабуда» дар офаридани чеҳраи Қароматуллоҳ аз чашмдошти ӯ бештар муваффақ шудааст...

«Ман аз хурдӣ дилбохтаи сурудҳои Кароматтуллоҳ будам ва мехостам ӯрову сурудхониашро бубинам. Ва вақте ки ӯро дар тирамоҳи соли 1992 ӯро душманони ҳунару маънавиёт ваҳшиёна ба қатл расониданд, қалби кӯдаки ман инро як фоҷиаи бузург қабул кард ва як орзуе дар дилам пайдо шуд, ки калон шавам, дар бораи зиндагии Кароматуллоҳ китобе хоҳам навишт.» - ба Озодӣ нақл кард муаллиф.

Ҳамин меҳру дилбастагӣ Набиуллоҳро дар тӯли ду ним сол борҳо аз Хуҷанд то Душанбеву дигар нуқоти Тоҷикистон бурд, то аз нигоҳи аҳли оилаи Кароматтулоҳи Ққурбон , ба хусус – ҳамсараш – Зулфиябону, пайвандону дӯстони ҳофизи маҳбуб, Ортиқи Қодир ва Маҳмудҷони Қосим - ба хусус, ҳамсинфону ҳаводораш ва бойгониҳо мавод ҷамъ оварад, то ҳақиқати зиндагии ӯ воқеӣ рӯи коғаз ояд.

Вай мегӯяд : «Кароматулллоҳ як инсони бисёр наҷибе будааст, хоксору фурӯтан. Ба ман нақл карданд, ки назди вай як марди маъюбе меомададаст, ки «ман - мухлиси шумо. Кароматуллоҳ ӯро ба хона дароварда, меҳмон карда, ҳатто фиттаҳои сурудҳояшро ба ӯ тақдим мекардааст. Эҳтироми хосаи ӯро ба он мард дида, дӯстонаш ба Кароматуллоҳ мегуфтаанд, ки охир, ин ҳама вазиру кабир, ки мухлиси шумо ҳастанд, ин марди оддиро аз ҳама боло мегузоред. Мегуфтааст, мухлиси аз ҳама азизи ман ҳамин аст.»

Ортиқи Қодир – ҳунарвар ва ровии тоҷик, аз дӯстони наздики Кароматуллоҳи Қурбон мегӯяд, "муаллифи «Зиндагӣ аз ман рабуда» дар офаридани чеҳраи Қароматуллоҳ аз чашмдошти ӯ бештар муваффақ шудааст."

Вай афзуд, китоб ҳарчанд мисли як қиссаи мустанад аст, ки бо бадеият навишта шудааст, вале чеҳраи Кароматуллоҳ, чун як инсон ва ҳунарвар воқеӣ ба қалам омадааст. Ба гуфтаи Ортиқи Қодир, Кароматуллоҳ асолати ҳунарро гиромӣ медошт ва пеши ҳар касу нокас сар хам намекард.
Набиюллоҳи Суннатӣ, муаллифи китоб

Дар китоби Набиуллоҳи Суннатӣ як нақши рӯшан ва пурҳасратест, ки дареғо, чаро чунин овозхони нотакрорро эҳтиёт накардем ва аз даст додем . Ва муаллиф ба таҳқиқ нишон медиҳад, ки фарҳангсӯзӣ ва маънавияткӯшӣ натиҷаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ аст. Ба ин маънӣ ин китоб танҳо дар бораи зиндагии Кароматуллоҳи Қурбон нест, балки назари як насли нави тоҷик дар бораи ҷанги шаҳвандӣ дар Тоҷикистон ҳам ҳаст. Ҷанге, ки дар он як идда дар ниҳояти бераҳмӣ ситораҳои илму адаб ва ҳунар, амсоли Кароматуллоҳи Қурбонро ҳадафи тир қарор доданд. Ситораҳое, ки дар осори ҳунарии худ дарсеву сабақе барои имрӯзиёну ояндагон боқӣ гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG