Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фақат офтобу кафанро нишон додаам" ВИДЕО


Зокир Собиров

"Инсонҳо набояд кӯҳнапараст бошанд ва пешравӣ дар зиндагӣ ҳамеша аз қоллабшиканиҳо пайдо мешавад". Ин нуктаро Зокир Собиров, рассоми шинохтаи тоҷик, муаллифи ду равияи наққошӣ -"Нурворизм" ва "Танворизм"дар намоишгоҳи осори ҳунарии худ, ки бегоҳии 1-уми июл дар шаҳри Душнбе оғоз ёфт, иброз намуд.

Дар ин намоишгоҳ беш аз 40 осори ин рассоми 68-солаи тоҷик, ки бо равияи-"Нурворизм" ва "Танворизм" тасвир ёфтаанд, ба маъраз гузошта шуд. Оқои Собиров дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, равияҳое, ки ӯ ихтироъ намудааст, дар олами рассомии Тоҷикистон ва ҷаҳон навгоние ба ҳисоб рафта, на ҳама фалсафаи чунин равияҳоро ба хубӣ дарк мекунанд.Вай афзуд: "Ин равияҳо дар сатҳи ҷаҳон ном баровард. Дар намоишгоҳҳои Амрико, Чин, Бритониё, Итолиё, Украина ва Русия ширкат кардам, бо ин равияҳо дар дигар кишварҳо шавқмандон пайдо шуда истодааст ва мехоҳам дар Тоҷикистон, дар ҷое, ки ин равияҳо таваллуд шудаанд, мардум аққалан дарк кунанду донанд, ки мо чӣ дорем."

Наққошиҳои Зокир Собиров тасвири зебоиҳои ҳаёт, образҳои воқеию бадеӣ, чеҳраҳои саршиноси миллию байналмиллалӣ ва фарогири мавзӯҳои ҳассоси таъриху фарҳанг, тасвири лавҳаҳои тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад, ки дар қолаби танзими нур ва шаклдиҳии матоъ тасвир меёбанд.

Зокир Собиров "фақат офтобу кафанро нишон дод"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Ӯ дар шарҳи як осори тахаюлии худ, ки дар заминаи ҳикояи "Ҳазору як шаб" офаридааст, гуфт, ҳадаф дубора зинда кардани ин ҳикоя бо пешниҳоди равияи нави ҳунари рассомӣ мебошад: “Мавзӯъи ин наққошӣ аз “Ҳазору як шаб” пайдо шудааст .Дар замони Шӯравӣ ман балети “Ҳазору як шаб”-ро дар саҳна ороиш дода будам, бо аз байн рафтани Шӯравӣ ин чизҳо нопадид шудан гирифт ва ман ба таври нурворизм ҳамин чизҳоро эҳё кардам ва ба тарзи театрӣ неву ба таври мусаввараӣ эҷод кардам. Барои офаридани ин як сол зиёдтар вақт рафтааст».

Собиров дар як наққошии дигари худ бо номи “Фиғони солҳои 90-ум”, ки ҳодисаву воқеаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро ба тасвир кашидааст, гуфт, "дар ин яроқро нишон надодаам, фақат офтобу кафанро нишон додаам, ки бо кафан офтобро маҳкам карда истодаанд. Ин образи ҳамон бадбахтиҳоест, ки ба сари мо омода буд. Дарди ҳамон давра буд, дар он ҷо нақши офтоби тоҷикон бо сӯзаниҳои тоҷикӣ дар фазои нурворизму тарворизм тасвир ёфтааст. Ду равия дар ин иштирок мекунанд ва баъдан фиғони кафан он ҷо инъикс шудааст".

Дар ин намоишгоҳ ҳамчунин бо пешниҳоди рӯйхати нархномае наққошиҳои ин рассоми тоҷик бо арзиши гуногун ба фурӯш гузошта шудааст. Собиров гуфт, ҳар як наққошияш аз 100 доллар то 44 ҳазор доллар нарх дорад ва барои офаридани як осор то ду моҳ ва гоҳе як сол ва аз ин ҳам зиёд вақт меравад. Ӯ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки фарҳанги харидории наққошиҳои рассомон дар Тоҷикистон рушд накардаасту сарватмандон ба чунин чиз таваҷҷӯҳ надоранд, намешавад аз ҳисоби ҳунари рассомӣ дар кишвар зиндагиро пеш бурд. Дар ҳоле, ки ба қавли ӯ, дар бархе аз кишварҳои дигар фоида аз ҳунари рассомӣ хеле зиёд буда, рассомон бо ин ҳунар зиндагияшонро пеш мебаранд.

"Дар Тоҷикистон зиндагии рассомон вазнин аст ва аз ҳисоби ҳунар нон хӯрдан амри маҳол аст, зеро мо дар фазои фарҳанг нестем. Даромади амрикоиҳо аз санъати ҳунарӣ бештар аст нисбат ба бахши кишварзию хоҷагии қишлоқ, дар ин маврид омор аст. Масалан, дар дигар кишварҳо аз тариқи намоишномаҳо, музояда сарватмандоне ба осори наққошии рассомон таваҷҷӯҳ намуда, харидорӣ мекунанд, дар мо ин чиз умуман нест, афсӯз, ки сарватмандони мо ин чизро дарк намекунанд, ба онҳо чизро хоида диҳед, баъд дарк мекунанд. Ҳадаф ҳам аз ҳамин намоишгоҳ ҳамин аст, ки корҳои тарғиботӣ бештар шаваду дарк кунанд".

Ҳамсӯҳбатамон таъкид намуд, ки соли 2006 бори нахуст бо равияҳои "Нурворизм" ва "Танворизм" осори нахустини худро пешниҳод кард, ки на аз ҷониби ҳама қобили қабул дониста шуд. Ӯ далели қобили қабул нагардидани осорашро ноогоҳӣ арзёбӣ намуд.

"Он замон ба фикри касе наомад, ки ин чӣ аст, бисёриҳо гуфтанд, чӣ лозим ҳамин, мо кӯҳнаро саришта карда наметавонем наваш чӣ даркор, бисёри мунтақидон қабул накарданд. Дар фазое, ки ҳоло дорем кам шахсиятҳое дарк мекунанд инро, аксарият дарк намекунанд. Фазо чунин аст, ки аз хурди ба мо чизҳои нав, қолабшиканиро намеомӯзонанд, ҳар чӣ ки дар ҳаёт аст, ҳамонро ба таври қоллабӣ дарк мекунанду халос.

Собиров дар шарҳи мухтасари чӣ будани ин ду равияи ихтироънамудааш гуфт: "Нурворизм" равияи танзимкунандаи физикии нур мебошад, ки бо фазо омезиш хӯрда, нахуст дар мафкура тавлид мегардад ва пасон дар дохили образ ва дар шакли асар мезияд. "Танворизм" бошад ба маънои матоъ аст, матое, ки мо дар атрофамон мебинем ва либоси мо аз он иборат аст, яъне дунёе аз матоъҳо иборат аст. Бо ихтирои ин ду равия ман дунёро дар шакли нурҳо, фазоҳо дидам, чун мо аз фазо иборатем ва имрӯз пайдо шудем фардо нестем. Ин ду равияро дар санъати меъморӣ истифода мебарам вале афсӯз, ки то ба имрӯз ин чизҳо дастгирӣ нашуда истодаанд".

Ҳарчанд на ҳама фалсафаи равияҳои ихтироънамудаи Зокир Собировро ба дурустӣ дарк мекунанд, дар намоишгоҳи наққошиҳояш чанде аз ширкатдорон гуфтанд, барояшон дидани чунин расмҳо бо сабку равияи нав ҷолиб аст. Маҳмадкарим Рақибов, аз зумраи ширкатдоронест, ки ба Радиои Озодӣ гуфт, тамошои осори Зокир Собиров барояш ҷолиб буда, шахсан ӯ ин расомро мешиносад, ки соҳибмактаб аст ва дар олами рассомӣ роҳу равияи худро дорад.

Зокир Собиров муаллифи беш аз 150 осори наққошӣ бо равияҳои-"Нурворизм" ва "Танворизм" мебошад. Осори ӯ дар чандин намоишгоҳҳои байналмиллалию ҷаҳонӣ сазовори ҷоизаву шоҳҷоизаҳо гардидааст. Аз ҷумла соли 2015 соҳиби шоҳҷоизаи "Уқоби тиллоӣ" дар Ню-Йорк ва соли 2018 дар Украина унвони "Рассоми беҳтарин"-ро сазовор гардид. Ӯ академики фахрии Академияи рассомии Русия буда, ҳамчунин дорандаи нишони "Барои рушди санъати Украина" низ мебошад.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG