Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти раҳбарони варзиши кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд


Имрӯз, 20-уми май, дар Тошканд ҷаласаи навбатии раҳбарони вазорату идораҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) шуруъ шуд.

Ба иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии Узбекистон, дабири кулли СҲШ Чжан Мин барои ширкат дар ин ҷаласа ба Тошканд омадааст. Дар ҷаласа раҳбарони соҳаи варзиши Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҳиндустон иштирок мекунанд. Инчунин дар ҷаласа ҳайати Чин ба таври онлайн ширкат меварзад.

Ба рӯзномаи ҷаласа рушди ҳамкориҳо ҷиҳати баргузории мусобиқоти варзишии сатҳи баланд, ки дар оянда ба нақша гирифта шудааст, татбиқи лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаи варзиш байни кишварҳои узви СҲШ, тавсеаи муносибатҳои байнидавлатӣ ва байниминтақавӣ дохиланд.

Дар баробари ин, оид ба табодули таҷриба дар самти таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷм ҷиҳати ҷалби намояндагони насли наврас ба варзиш вохӯриҳо сурат мегирад.

Дар чаҳорчӯби ҷаласа нақшаи татбиқи «Харитаи роҳ» оид ба ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои масъули рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои узви СҲШ барои солҳои 2022-2024 тасдиқ карда мешавад.

Раҳбарони бахши варзиши СҲШ ҳамчунин доир ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, таҳкими робитаҳои дӯстона тавассути варзиш, ҳавасмандгардонии варзишгарон ва таҳкими ҳамкорӣ дар самти инкишофи Ҳаракати олимпӣ табодули назар хоҳанд кард.

Ҳамзамон намояндагони ҳайатҳо ба Кумитаи миллии олимпии Узбекистон ташриф оварда, аз иншооти варзишии вилояти Тошканд дидан мекунанд.

XS
SM
MD
LG