Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё гуфт, суръати ҳамлаи Русия "суст шудааст"


Русия 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамла кард
Русия 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамла кард

Истихбороти низомии Бритониё рӯзи 15-уми май гуфт, суръати ҳамлаи Русия ба минтақаи Донбасси Украина суст шуда, ин ҳамла тибқи ҷадвали таъиншуда пеш намеравад.

Бар асоси эъломияи Вазорати дифои Бритониё, Русия мумкин аст сеяки нерӯҳои заминии худро, ки дар моҳи феврали имсол ба ҷанг дар Украина сафарбар шуда буданд, аз даст дода бошад.

Русия 24-уми феврали имсол бедалел ба Украина ҳамла кард. Ҳангоме ки ба тасарруфи Киев комёб нашуд, ба Донбасс, шарқи он кишвар, рӯй овард, ки минтақаҳои Луҳанск ва Донетскро дар бар мегирад.

Вазорати мудофиаи Бритониё мегӯяд, нерӯҳои русӣ бо вуҷуди пешрафтҳои андак дар як моҳи гузашта минтақаҳои нисбатан бузургро дар Донбасс тасарруф накарда, пайваста талафоти бузург доштаанд.

Низомиёни бритониёӣ пешбинӣ мекунанд, ки бо назардошти шароити ҳозира имкон надорад, ки нерӯҳои Русия пешрафти худро дар сӣ рӯзи оянда ногаҳонӣ суръат бахшанд.

Ҳамзамон як мансабдори баландпояи НАТО гуфт, ба назар мерасад, пешрафтҳои Русия дар ҷанг дучори сустӣ шуда ва ӯ ба пирӯзии Украина ибрози умед кард.

Дипломатҳои НАТО дар нишасти рӯзи якшанбе дар Берлин дар бораи ёриҳои бештар ба Украина ва масаълаи пайвастани Финландия, Шветсия ва дигарон ба ин паймони низомӣ баҳсу гуфтугӯ мекунанд. Ин кишварҳо мехоҳанд, дар баробари таҳдидҳои Русия ба НАТО бипайванданд.

XS
SM
MD
LG