Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чоршанбе Чоршанбиев ба 8,5 сол зиндон маҳкум шуд


Чоршанбе Чоршанбиев

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари муҳорибаҳои омехтаро ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард.

Ҳукми додгоҳ бегоҳи 13-уми май дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе содир шуд. Додгоҳ варзишгарро дар “даъват ба сарнагунии ҳокимият” айбдор кард. Худи Чоршанбиев ба ҳукм норозигӣ кардааст.

Додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ барои Чоршанбиев 10 соли зиндон талаб кардааст. Ба гуфтаи манобеи огоҳ аз парванда, рӯзи 13-уми май вакилони дифои Чоршанбиевро барои шинос шудан ба хулосаи ташхис даъват карданд.

"Вакилон намедонистанд, ки мурофиа мешавад. Вақте онҳо ба бинои Боздоштгоҳ даромада бо хулосаи ташхис шинос шуданд, додрас мурофиа эълон кардааст. Ба ғайр аз адвокатҳо, ягон хешу табори Чоршанбе, дар мурофиа ширкат надоштанд,"--афзуд манбаъ.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз назди Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе мегӯяд, баъди қироати ҳукм аз Боздоштгоҳ танҳо вакилони дифои Чоршанбиев баромаданд.

Вакилони дифоъ гуфтанд, Чоршанбиев аз додгоҳ хост, сухани охирини ӯро ба рӯзи дигар гузаронанд, то падараш ҳам ширкат кунад. Аммо ба гуфтаи вакилони дифоъ, додрас ин дархостро рад кард.

Чоршанбе Чоршанбиев 31-уми декабри соли гузашта, баъди ихроҷ аз Русия, дар Душанбе боздошт шуд. Мақомот дар оғоз ӯро ба "барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият" айбдор карданд. Иттиҳоми аввал баъдан бекор шуд.

Варзишгар гуфтааст, ҳукмро қабул надорад. Пайвандону ҷонибдоронаш низ боздошту маҳкум шудани ӯро ноодилона медонанд.

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG